(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №25-и шаҳри Хуҷанд бо мақсади баланд бардоштани завқи китобхонӣ, тақвияти неруи зеҳнӣ, дарёфти чеҳраҳои нави суханвару сухандон, арҷ гузоштан ба арзишҳои миллию фарҳангӣ, инкишофи қобилияти эҷодӣ, таҳкими эҳсоси худогоҳию худшиносӣ, такмили захираи луғавӣ ва мусоидат дар рушди ҷаҳони маънавии хонандагон даври муассисавии озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» баргузор гардид.

Таъкид шуд, ки 6 соли баргузории Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» маблағи «Шоҳҷоиза»-и он 50 ҳазор сомонӣ зиёд шуд, яъне он аз 20 ҳазор сомонӣ ба 70 ҳазор сомонӣ зиёд гардонида шуд.
Зикр гардид, ки имсол таҳти сарпарастии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ—Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Озмуни ҷумҳуриявии «Фурӯғи субҳи доноӣ китоб аст» бори шашум гузаронида мешавад. Соли равон ҷиҳати ҳавасмандсозии иштирокчиён ба озмун якчанд тағйирот ворид гардид. Аз ҷумла, «Шоҳҷоиза»-и озмун аз 1 адад ба 4 адад зиёд гардид», — иброз дошт сардори маркази матбуоти Вазорати маориф ва илм.
Ҷиҳати боз ҳам такмил бахшидани раванди баргузории озмун ва ҳавасмандсозии иштирокчиён соли 2024 ба низомномаи он якчанд тағйиру иловаҳо ворид гардиданд. Ин тағйирот, пеш аз ҳама, дар номинатсияи «Адабиёти кӯдакону наврасон» ворид гардида, номи номинатсия ба «Адабиёти кӯдакону наврасон ва осори шифоҳӣ» табдил дода шуд. Ин номинатсия яке аз бахшҳои фаъолтарини озмун ба ҳисоб рафта, довталабони он хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ мебошанд. Инро ба инобат гирифта, соли равон ин номинатсияро ба се гурӯҳ ҷудо намуданд: гурӯҳи якум- хонандагони синфҳои 1 то 4, гурӯҳи дуюм- хонандагони синфҳои 5 то 8 ва гурӯҳи сеюм- хонандагони 9 то 11 ва 10,11-и муассисаҳои таҳсилоти ибтидоии касбӣ мебошанд.
Хонандагони МТМУ №25 дар озмун фаъолона ширкат варзиданд ва беҳтаринҳо бадаври шаҳрӣ роҳхат гирифтанд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд