(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРӯзҳои 19-23 феврали соли 2024 дар шаҳри Куала Лумпури кишвари Малайзия, Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» аз фанни забони англисӣ баргузор гардид. Олимпиадаи мазкур аз рўи 3 категорияи синнусолӣ ва 2 номинатсия доир гардида, байни хонандагони синфҳои 3-11 баргузор карда шуд. Дастаи мунтахаби Ҷумуҳурии Тоҷикистонро 33 нафар хонандагон аз муассисаҳои таҳсилоти умумии ҷумҳурӣ муаррифӣ намуданд.

Субҳи имрӯз дар майдони Парчами миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд 2 нафар ғолибони Олимпиадаи байналмилалӣ аз Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гулчини Маърифат»-и шаҳри Хуҷанд Азамат Каримов хонандаи синфи 8 ва Пӯлод Каримов хонандаи синфи 10, ки ҳарду мақомҳои ифтихориро ба даст оварданд, гарму самимӣ истиқбол намуданд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳр, хонандагони ғолибро аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода табрику таҳният гуфта, зикр дошт, ки дар суханрониҳои Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон борҳо таъкид мешавад, ки «…Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта — сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ — саҳмгузорӣ ба иқтидори иқтисодии мамлакат мебошад».
Тарбияи чунин истеъдодҳо ба дониш ва маҳорати педагогии устодон вобастагии зич дорад. Омӯзгори бомаҳорату ватандӯст метавонад донишварзони ҳақиқӣ ва поквиҷдон тарбия намояд, ки ба миллату Ватан хидмати софдилона намоянд. Хушбахтона, сафи чунин омӯзгорон ва шогирдон рӯз ба рӯз бо афзудани мунтазами ҳавасмандии моддии онҳо аз тарафи Ҳукумати мамлакат меафзояд. Бинобар ҳамин, тарбияи устодони бомаҳорат ва омӯзгорони боистеъдоду муносиби талаботи замон донишманду ояндабин низ зарруратест ногузир. Зеро бо надоштани МУАЛЛИМ-и бомаҳорату ояндабин мо наметавонем ба мақсадҳои олӣ, тарбияи ҷавонони ихтироъкору навовар ва баландбардори қудрати иқтисодию технологии ҷумҳуриамон расем. ,
Бояд таъкид намуд, ки дар Олимпиадаи байналмилалии «TeenEagle» 14 нафар аз Муассисаи таълимии давлатии «Мактаби байналмилалии Президентӣ» дар шаҳри Душанбе, 1 нафар аз Литсейи равияи табию риёзии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, 2 нафар аз Муассисаи таълимии ғайридавлатии «Гулчини Маърифат» дар шаҳри Хуҷанд, 1 нафар аз Муассисаи таълимии ғайридавлатии Мактаби хусусии «Амид» ноҳияи Бобоҷон Ғафуров ва 15 нафар аз Муассисаи таълимии хусусии «Мактаби муосири байналмилалӣ» дар шаҳри Душанбе фаъолона ширкат варзиданд.
Аз рӯи номинатсияи «Дониши тестӣ ва имло» ҷойи якум 2 нафар, ҷойи дуюм 6 нафар ва ҷойи сеюм 7 нафар, дар номинатсияи «Кори хаттӣ (эссе) ва суханварӣ» бошад, ба гирифтани ҷойи дуюм 5 нафар ва ҷойи сеюм 3 нафар сазовор гаштанд, ки дар маҷмӯъ соҳиби 23 ҷойҳои ифтихориро касб намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки сабқати мазкур Олимпиадаи сатҳи миёна буда, ҳамасола дар кишварҳои гуногун аз ҷумла Шоҳигарии Британияи Кабир, Йёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Малайзия баргузор мегардад. Дар назар аст, ки дар соли 2024 дар Олимпиадаи мазкур зиёда аз 650 нафар хонандагон аз 510 муассисаҳои таълимии дунё ва 70 кишвари олам иштирок намоянд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд