(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ дар ХуҷандДар Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимии шаҳри Хуҷанд даври хотимавии олимпиадаи ҷумҳуриявии фаннии донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ (равияҳои иқтисодӣ ва табиию риёзӣ) ва озмуни ҷумҳуриявии «Лоиҳаи инноватсионӣ оид ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи донишҷӯ» бори аввал берун аз шаҳри Душанбе бо иштироки  178 донишҷӯ аз мактабҳои олии кишвар баргузор гардид.

Муовини аввали вазири маорифи Ҷумҳурии Тоҷикистон Фарҳод Раҳимов зимни ифтитоҳи олимпиада ба донишҷӯён ва устодон комёбиҳо таманно намуд.

Сардори Раёсати таҳсилоти олии касбӣ ва баъдидипломии Вазорати маорифи Тоҷикистон Абдулло Расулов донишҷӯёнро бо тартиби кори олимпиада шинос кард. Қайд намудан ҷоиз аст, ки олимпиадаи ҷумҳуриявӣ аз рӯи фанҳои тахассусӣ ва ғайритахассусии математика, физика, химия, биология, назарияи иқтисодиёт, технологияи информатсионӣ бо иштироки донишҷӯён аз 24Олимпиадаи Ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд донишгоҳи кишвар ва ҳамзамон, озмуни «Лоиҳаи инноватсионӣ оид ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи донишҷӯ» давоми ду рӯз баргузор гардид.

Олимпиадаи ҷумҳуриявӣ ҷамъбаст шуд ва 12 нафар донишҷӯёни донишкадаву донишгоҳҳои ҷумҳурӣ сазовори ҷойи якум, 11 нафар ҷойи дуюм ва 12 нафар сазовори ҷойи сеюм гардиданд. Бахусус, донишҷӯи Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б.Fафуров  Достон Баротов аз рӯйи равияи математикаи тахассусӣ ва ду нафар донишҷӯёни Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  Ҷӯрабой Бобоҷонов ва Мунирҷон Нажмиддинов аз рӯйи равияҳои физикаи ғайритахассусӣ ва назарияи иқтисод ҷойи аввалро соҳиб шуданд.

Дар озмуни «Лоиҳаи инноватсионӣ оид ба рушди иқтисодиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз нигоҳи донишҷӯ» бошад, ҷойи аввал насиби донишҷӯи ДонишгоҳиОлимпиадаи Ҷумҳуриявӣ дар Хуҷанд аграрии Тоҷикистон Нусратулло Одинаев, ҷойи дуюм  насиби донишҷӯи Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М.Осимӣ  М.Султонов ва ҷойи сеюм насиби донишҷӯи давлатии тиҷорати Тоҷикистон Д.Бобоев гардид.