(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБахшида ба 31-умин солгарди таъсисёбии Рӯзи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат дар МТТ №37-и шаҳри Хуҷанд бо иштироки табиятгирандагони гуруҳи омодагӣ ба мактаб, собиқадори Артиши миллӣ маҳфили хушҳолӣ таҳти унвони “Ватанам-пораи дили ман!” баргузор гардид.

Дӯстрӯякон дар васфи Ватан, Артиши миллӣ, садоқат ба Ватан, сарбоз ва ғайра шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯстона ироа намуда, саҳначаи ҷолиберо аз ҳаёти аскарӣ пешниҳоди ҳамагон намуданд.
Таъкид шуд, ки қаламрави Тоҷикистони соҳибистиқлол муқаддасот ва нишонаҳои муҳими давлатдории мо, тоҷикон буда, таҷассуми суннату ормонҳои волои ниёгон ба ҳисоб меравад. Дар масири дури таърихи миллат намунаҳои барҷастаи артишро метавон мушоҳида намуд. Эҳёи артиши миллӣ дар шароити давлатдории миллии тоҷикон таҷассумгари муҳимтарин рукни давлатдории ниёгонамон дар сақфи таърих мебошад. Аз назари таърих, мафҳуми «артиш» баробари суннатҳо ва рукнҳои давлатдории ниёгони мо, тоҷикон ташаккул ёфта, дар марҳилаҳои мухталифи таърихӣ рисолати муқаддаси худро иҷро намудааст.