(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар гимназияи №24-и шаҳри Хуҷанд тибқи нақшаи муштараки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва тартибот мулоқот баргузор гардид.

Мулоқотро муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода ифтитоҳ намуда, аз ҷумла иттилоъ дод, ки он дар партави иҷрои нишондодҳои Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ ва иҷрои Нақшаи амалисозии Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025 ва баррасии масоили доғи ҷомеа амалӣ гардида истодааст.
Сипас, Наим Тоҷизода, муовини якуми прокурори шаҳри Хуҷанд, Раҳмон Ҷӯрахон, муовини якуми Раиси Суди шаҳри Хуҷанд, Меҳрубон Лоиқов намояндаи шуъбаи шаҳрии Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллӣ дар вилояти Суғд ва дигарон баромад намуда, аз ҷумла таъкид доштанд, ки имрӯз аҳли ҷомеаро зарур аст тамоми ақлу заковат, дониш ва таҷрибаи ҳаётии худро ба он равона созад, ки ҳодисаҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, тамоюли бегонапарастӣ пешгирӣ ва аз байн бурда шаванд.
Зимни вохӯрӣ баромадкунандагон доир ба тарғибу ташвиқи дастовардҳои Истиқлолияти давлатӣ ва саҳми арзандаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар расидан ба сулҳу субот, оромии ҷомеа, ваҳдати миллӣ ва аз парокандагӣ эмин нигоҳ доштани миллати тоҷик суҳбат намуданд.
Зикр шуд, ки дар ибтидои солҳои 90-уми асри гузашта дар ҷумҳурӣ ҳизбу созмонҳое пайдо шуданд, ки фаъолияти онҳо дар асл ба ғайриқонунӣ ғасб намудани ҳокимияти давлатӣ ва дигар намудани сохти ҷамъиятӣ равона шуда буд. Онҳо чанд муддат тавонистанд ҷумҳуриро ба маҳалҳо ҷудо намуда, бо таҳдиду зӯроварӣ ва мардумфиребӣ ба силоҳнок намудани гурӯҳҳои алоҳида машғул шаванд. Дар натиҷа оташи ҷанги шаҳрвандӣ аланга зада, дар ҷараёни он шумораи зиёди мардуми бегуноҳ ба ҳалокат расид ва ба сокинони мамлакат хисороти зиёд расонида шуд.
Маҳз бо талошҳои шабонарӯзӣ ва ташаббусу иқдомҳои дурандешона ва сулҳхоҳонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пеши роҳи ин раванди пурфоҷиа ва фалокатбор гирифта шуд. Дар натиҷа ба мо муяссар гардид, ки хатари дар ҷомеаи кишвар паҳн шудани терроризму ифротгароии хушунатомезро бартараф карда, ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ шуруъ намоем.
Мулоқот бо мубодилаи афкор ва пешниҳодоти судманд анҷом пазируфт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд