(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар саҳифаи фейсбукии "Парвиз тв" бо чунин мазмун хабар нашр шуд: "Субҳи имрӯз 20.02.2024 дар шаҳри Хуҷанд мошини мусофиркаши хатсайри 27 ба садама дучор шудааст. Дар вақти садама дар дохили мошин 13 нафар қарор доштаанд".

Ин хабар комилан хато буда, ягон асоси воқеӣ надорад.
Тибқи иттилои ШБДА- и шаҳри Хуҷанд санаҳои 19 ва 20- и феврали соли равон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд ягон адад микроавтобус, бахусус хатсайри 27"а" ба садама дучор нашудааст. Дар тамоми роҳҳои шаҳр барои равуои бемамонияти шаҳрвандон, ягон мушкилот вуҷуд надорад. Дар шаҳр Ситоди зимистонгузаронӣ таҳти роҳбарии Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода 24 соат фаъолият менамояд.
Бо эҳтимоли ғолиб ин садама, агар воқеият дошта бошад, дар ҳудуди дигар ноҳияи ҳамшафати шаҳри Хуҷанд рух додааст.
"Парвиз Тв" -ро мебояд, ҳар як хабари нашрмешударо на дар асоси аксу гуфтаи шаҳрвандони "номаълум" балки дар такя ба манобеи расмӣ нашр намоянд. Зеро барои паҳн кардани маълумоти носаҳеҳ ва ё бардурӯғ ҷавобгарӣ пешбинӣ шудааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд