(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби омӯзгори ҷавон Саёҳат Тӯхтабоева барои хонандагони синфи 8 аз фанни химия дар мавзуъи “Намак” машғулияти кушод гузаронида шуд.

Дарс бо усулҳои интреактивии таълим гузаронида шуда, дар он аз усулҳои фаъоли таълим васеъ истифода бурда шуд.
Таъкид гардид, ки дарси кушоди мазкур бо мақсади амалӣ намудани нуктаҳои "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи илму маориф" ташкил ва баргузор гардид.
Зимни таҳлилу арзёбии дарси мазкур таъкид шуд, ки он дар партави барномаи бистсолаи илмҳои дақиқ амалӣ гардида, рӯй овардан ба рушди илмҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ қадами боэътимод барои рушди устувори иқтисоди мамлакат ва таъмини рақобатпазирии ҷумҳурӣ дар арсаи байналмилалӣ мебошад. Зеро дар марҳилаи нави рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон нақши илм ва тафаккури илмӣ дар ҳалли масъалаҳои иқтисодӣ-иҷтимоӣ ва бунёдӣ хеле муҳим аст.
Ин ҳама имкон медиҳад, ки хонандагон бо истифода аз шароити муҳайёгардида ба илмҳои дақиқ махсусан фанни химия таваҷҷуҳ намоянд ва онро амиқу хубтар азбар намоянд.
Машғулиятро намояндагони шуъбаи маориф ва маъмурияти муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №15 мушоҳида ва таҳлилу баҳогузорӣ намуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд