(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муассисаи “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” ташриф оварда, кўдаконро аёдат намуда, ба онҳо туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода зимни сӯҳбат бо кӯдакон таъкид намуд, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода таваҷҷўҳ ба тақдири кўдакон, тарбияи онҳо, фароҳам овардани имконоти моддию маънавиро вазифаи асосии давлат, аҳли ҷомеа ва волидайн меҳисобанд.
Зикр шуд, ки дар кишвари шукуфону соҳибистиқлоли мо кўдакон бо ғамхорию меҳрубонӣ фаро гирифта шудаанд ва дар муҳити оилаву кўдакистонҳо тарбияву таълими хуб дида истодаанд. Ба кўдакони имконияташон маҳдуд ва ятиму бепарастор таваҷҷўҳи хоса зоҳир мегардад. Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша дар суханрониҳояшон изҳор медоранд, ки ягон кўдаки ятиму бепарастор ва маъюб бе таваҷҷўҳ нест. Давлат онҳоро ба паноҳи хеш гирифтааст, таълиму тарбия медиҳад, соҳиби касбу кор мегардонад ва ояндаашонро таъмин месозад. Воқеан, кўдакони шаҳри Хуҷанд низ бо меҳру муҳаббат фаро гирифта шудаанд ва аз ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бархурдоранд.
Сипас ба тамоми тарбиятгирандагони “Маркази дастгирии оила ва кӯдак” аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода туҳфаҳои хотиравӣ тақдим карда шуд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд