(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шаризода ба манзили як чанд нафар собиқадорони арсаи меҳнат, аз ҷумла Катаой Эргашева, Отаҷон Ҳасанов, Анварҷон Эргашев ва дигарон рафта, онҳоро аёдат намуд.

Раиси шаҳр пирони рўзгордидаро аз номи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аёдат намуда, зикр дошт, ки собиқадорони меҳнат ҳамеша зери таваҷҷуҳи доимии Давлату Ҳукумат қарор дошта, эшон хазинаи тиллоӣ ва тарбиятгару раҳнамои ҷавонони соҳибистиқлоли мамлакат мебошанд.
Катаой Эргашева, ки солҳои тӯлонӣ ба сифати мураббия дар кӯдакистонҳои шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошту имрӯз даврони пирӣ меронад, аз ташрифи ногаҳонии Раиси шаҳр хушнуд гардида, миннатдории хешро ба роҳбарияти Давлату Ҳукумат расонид.
Отаҷон Ҳасанови 91 сола, ки умри бештари худро ба соҳаи савдо бахшидааст, таъкид намуд, ки маҳз ба шарофати амну осоиштагӣ Ватани маҳбубамон сол ба сол рушду тараққӣ намуда истодааст. Мо ҳамеша барои ин пешравиҳо ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдорӣ баён карда, шукронаи амнияту оромии давлатро менамоем.
Номбурда аз ташаббусҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бахусус Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати рушди бемайлони соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи кишвар ҳарф зада, таъкид дошт, ки дар кўтоҳтарин фурсат мо сатҳи камбизоатиро бамаротиб кам ва давлатамонро пешрафта намудем.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд