(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз яке аз инсонҳои шариф, марди хоксору нексиришт, Раиси шаҳри бостонии Хуҷанд Фирдавс Шарифзода Рӯзи саиди мавлуд доранд, ки ба муносибати ифтитоҳи саҳифаи ҷадиди зиндагии сурурбахшашон самимона табрику таҳният мегӯем.

Воқеан ҳам шаҳрдори ҷавону умедбахш ва пурэнержӣ Фирдавс Шарифзода аз табори инсонҳои шариф, дарёдил, меҳнатӣ, дилогоҳ, гавҳаршинос ва масъулиятпеша ҳастанд.
Бо вуҷуди ҷавон будан, андешаи дурбинона, закитабъ ва марди солеҳу боғуруру ватандор ҳастанд. Раисе ҷавоне, ки ба роҳи интихобкардаи худ устуворона гом мебардорад, бомасъулият ва боварибахш ҳаракат менамояд ва то расидан ба ҳадаф тамоми қувва ва иқтидории хешро равона месозад. Аз чизе намеҳаросад ва такя ба Парвардигор ва дастуру раҳнамоиҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру нишондодҳои устоди раҳкушояш Раиси вилояти Суғд муҳтарам Раҷаббой Аҳмадзода дорад. Яъне, марди солеҳу асил ва садоқатпеша аст. Аз мубориза намеҳаросад ва барои заҳмати бепоён, ки анҷомаш МУВАФФАҚИЯТ, ҳамеша омода аст.
Марде, ки ҳамеша курсиро зеб мебахшад ва дар ҳама маснад аз курсии худ боло меистад ва лоиқи он ҳам аст. Дар ҳама сатҳ, дар ҳама қишрҳои ҷомеа васфи кори Раисро шунидаам ва худам низ борҳо шоҳиди он будам.
Танҳо мегӯям, ки дар баробари таъин шудан ба шаҳрдории Хуҷанд бо диду нигоҳи муосир ва созандагии наҷибаш симои шаҳрро ба куллан дигар намуд ва то ба имрӯз кӯшиш менамояд, ки боз дурахши “Тирози ҷаҳон” бештар шавад ва ба шаҳри зебою мунаввар ва дилрабою пешрафта мубаддал гардонидани Хуҷанди бостони асоси ҳадафу муродаш аст.
Раиси арҷманд, муҳтарам Фирдавс Шарифзода!
Иҷозат фармоед, бори дигар Шумо – инсони накӯному сарбаландро бо ҷашни милоди фархундапай самимона муборакбод гуфта, бароятон оромиши ҳаёт, ҳаловати рӯзгор, муваффақияти кору эътибори наздикон ва ҷомеаро орзумандам. Тансиҳативу хонаободиву муваффақияту комёбӣ ҳамеша ҳамроҳ ва як қадам аз Шумо дар пеш бошад.



Бо арзи эҳтиром, Маъмури Юсуфзод,
Аълочии матбуоти Тоҷикистон