(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Имкониятҳои Китобхонаи вилоятӣ бештар мегарданд.

Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо мақсади шиносоӣ бо вазъи китобхонаи оммавии ба номи Тошхуҷа Асирӣ ба ин китобхона ташриф оварданд.
Зимни шиносоӣ меҳмнонон фаъолияти кунунӣ ва роҳҳои беҳтар кардани шароитҳои ин махзани илму маърифатро мавриди таваҷҷӯҳ қарор дод. Аз ҷумла, ободонии атрофи китобхона аз мадди назар дур намонд. Дастур дода шуд, ки канор ва паси бино сабзу хуррам ва деворбандӣ карда шавад. Ҳамчунин ҷиҳати барқарор намудани фаввораҳои саҳни муассиса масъулин вазифадор карда шуданд. Ҳини шиносоӣ маълум гардид, ки барои китобхонаи вилоятӣ мушкили асосӣ таъмини гармӣ дар фасли сармо аст. Бо ин мақсад супориш дода шуд, ки системаи ягонаи гармидиҳии он пурра азнавсозӣ карда шавад, то ки ҳам кормандон ва ҳам муштариён аз шароити мусоиди корӣ бархурдор бошанд. Зимни боздид аз китобхона Абдураҳмон Қодирӣ ба рафти иҷрои супоришҳои роҳбарияти вилоят ҷиҳати таъсиси хизматрасонии букинистӣ дар китобхона ва ташкили мағозаи асбобҳои мусиқиро  мавриди назар қарор дод. Тибқи дастури сарвари вилоят дар китобхонаи мазкур хизматрасони букенистӣ бояд ба роҳ монда шавад, ки талаботи замони муосир мебошад. Барои амалӣ намудани ин ҳадаф, тули ду моҳ аст, ки чунин хизматрасонӣ расман ба роҳ монда шудааст.
Абдураҳмон Қодирӣ таъкид намуд, ки шурӯъ аз соли оянда бояд ин иқдом дар сатҳу сифати баланд амалӣ гардад. Барои ин бояд сараваал гуруҳи корӣ ташкил ва захираи китоби дар дасти мардум ва китобдӯстон мавҷудбуда муайян карда шавад. Зеро чунин навъи хизматрасонӣ дар ҷумҳурӣ таҷрибаи нав аст ва асосан бо роҳи харидории китоб аз шаҳрвандон ва фурухтани он ба муштариён амалӣ карда мешавад.
Дар толори китобхона роҳбари вилоят ҳамзамон бо маҳсули фаъолияти усто - созандаи асбобҳои мусиқӣ Абдуғаффор Абдусамадов шинос гардид. Номбурда тули 40 сол ба сохтани асбобҳои мусиқӣ машғул аст ва тибқи ҳидояти роҳбари вилоят мехоҳад мағозаи фурӯши онҳоро ташкил намояд.

Раиси вилоят масъулини соҳаи фарҳангро дастур дод, ки ҷиҳати дарёфти макони мувофиқ барои ташкили мағозаи асбобҳои мусиқии миллӣ ва ҳунарҳои анъанавӣ пешниҳод омода намоянд.
Китобхонаи вилоятии ба номи Тошхуҷа Асирӣ 12 марти соли 1917 таъсис ёфта, давоми 97 сол барои дустдорони илм хизмат мерасонад. Дар китобхона 122 нафар кор мекунанд ва махзани китобии он 477 ҳазору 179 нусхаро ташкил медиҳад. Давоми нуҳ моҳи соли равон ба китобхона 1946 адад адабиёти нав ворид карда шудааст.