(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Бинои нави донишкадаРаиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ҷиҳати аз наздик ошноӣ пайдо кардан аз фаъолияти Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техники Тоҷикистон ва ифтитоҳи бинои нави замонавии таълим ба ин боргоҳи илму ҳунар ташриф оварданд. Бинои мазкур бо дастгирии Ҳукумати ҷумҳурӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, маблағҳои захиравии Донишкада ва саҳмгузории ширкати “Тиниал” бо харҷи 1,2 миллион сомонӣ давоми шаш моҳ сохта мавриди баҳрабардори қарор гирифт.
Мавсуф лентаи рамзии бинои нави таълимиро, ки иборат аз се ошёна, синфхонаҳои барҳаво барои 450 нафар ва толори лексионӣ барои 200 нафарро бурида, ҳамзамон аз дастовардҳои илмӣ тадқиқотии донишкадаи мазкур шинос гардид. Махсусан ба меҳмонон корҳои илмии шогирдон дар мавриди таҳияи барномаҳои ҷолиби таълимию омузишӣ писанд афтод. Яке аз чунин барномаҳои муфид тафтиши имлои забони тоҷикӣ дар барномаҳои офисӣ мебошад, ки беш аз 70 миллион калимаҳоро дар бар мегирад. Ин барнома барои доираи васеи истифодабарандагон пешбинӣ шудааст. Ҳамзамон бо ифтитоҳи парки технологӣ дар донишкада ба истеҳсоли тахтаҳои электронӣ оғоз кардааст, ки барномаи кори ин тахтаҳо ба пуррагӣ ба забони тоҷикӣ гардонда шудааст. Ин татқиқот низ аз ҷониби худи устодон ва донишҷӯёни донишкада роҳандозӣ карда шудааст.
Дастоварди дигаре, ки ба гурӯҳи корӣ як андоза таассуроти амиқ гузошт, ин тафтиши автоматики орфографӣ буда, ин дастовард низ дар кишвар васеъ паҳн шуда истодааст. Бастаи ин барнома алҳол харидорони зиёд дорад.
Ихтирои дигари аҳли Донишкада нуқтаи маълумотдиҳӣ мебошад, ки миёни мақомотҳои иҷроия ва шаҳрвандон робитаи электрониро ба роҳ мемонад. Дар синфхонаи лабораторӣ бошад, Раиси вилоят ба фаъолияти донишҷӯён дар мавриди омузиш ва истифодаи манбаъҳои истеҳсолкунандаи энергия баҳои қаноатманд дод, ки айни ҳол ба коркади нерӯи барқ аз боду офтоб машғуланд. Дар кафедраи истеҳсол ва коркарди маҳсулоти кишоварзии Донишкада омузиш ва истеҳсоли маҳсулоти табиию табобатӣ аз қабили мураббо, қандмеваҳо, афшураҳо ва ғайраро ба роҳ мондаанд.
Сипас дар назди ҷомеаи кормандони донишкада ҷамъомади тантавӣ доир шуда, он бо сухани муқаддимавии директори донишкада Дилрабо Сайдуллоева ифтитоҳ ёфт. Муовини вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Бозоралӣ Одинаев салому паёми вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Нуриддин Саидро ба аҳли ҳозирин расонда, ба фаъолияти ибратбаши ҷомеаи меҳнатии донишкада баҳои баланд дод. Қайд шуд, ки ба шарофати меҳнати сидқдилонаи устодони донишкада имрӯз ҳамаи шароитҳо барои таълиму тадрис муҳайё аст. Танҳо аз донишҷӯён талош ва ҳаракат мебояд, то дури мақсудро ҷӯё бошанд.
Директори Донишгоҳи техники Тоҷикистон Ҳайдар Одинаев низ дар баромадаш қайд кард, ки дар қиёс ба чанд соли пешине, ки ӯ ба ин боргоҳи илму маърифат ташриф овардааст, фаъолияти донишкада хеле пешрафта аст. Имрӯз донишкада яке аз беҳтарин муассисаҳои олии кишвар дар таъминот бо технологияҳои муосири таълимӣ аст. Ва ин барои баланд бардоштани сатҳ ва сифати таълим таккони ҷиддие бахшидааст.
Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ зимни суханронии худ аз роҳбарони дигар муассисаҳои олии вилоят даъват ба амал овард, ки фаъолияти таълимии донишкадаро ҳамчун муассисаи олии намунавӣ омада омӯзанд. Хосса, дар баромади Раис роҳҳои самарабахши истеҳсол барқ тариқи нурҳои офтоб ва шамол, ки дар донишкада дар ин самт корҳои татқиқотии муайяне анҷом додааст, сухан рафт. Мавсуф аз устодон ва донишҷӯён даъват ба амал овард, ки бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд дар ин самт ҳамкориро ба роҳ монанд ва мақомот ҳозир аст, дар иҷрои корҳои олимони соҳа маблағҳои калон ҷудо намояд.
Донишҷӯи курси 4 Ҳасанзода Фаришта аз номи кулли донишҷӯёни донишкада миннатдории хешро ба давлат ва ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон расонда, ваъда дод, ки минбаъд бо дониш ва рафтори намунавӣ барои ободии кишвари азизамон кӯшиш ба харҷ медиҳанд.