(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altНишасти 215-умини маҳфили илмиву адабии “Ганҷи сухан”, ки авваллин нишаст дар соли 2014 мебошад дар муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №18-и ба номи Садриддин Айнии шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Дар меҳвари маҳфил масъалаи ҳамкориҳои факултети филологияи тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд бо устодони забон ва адабиёти тоҷики муассисаҳои тахсилоти миёнаи умумӣ қарор дошт. Маҳфилро роҳбари он адабиётшинос Саидумрон Саидов ифтитоҳ бахшид ва сипас хонадагони мактаб дар назди ҳозирин суруди дилнишини умумиро бо номи “Бо Пешвои миллат” иҷро намуданд.
Дар сухани ифтитоҳии иҷрокунандаи вазифаи мудири шӯъбаи морифи шаҳри Хуҷанд Моҳира Темирова масъалаҳои ҳамкории аҳли маорифи шаҳри Хуҷанд бо устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро дар самти беҳдошти таълими фаннии забон ва адабиёти тоҷик дар мактаб шоистаи зикр ва судманд арзёбӣ намуд. Ӯ гуфт, ки ширкат дар маҳфили ”Ганҷи сухан” барои омӯзгорони мо баробари огоҳӣ ёфтан аз навигариҳои илму фан имкон медиҳад, ки онҳо бо донишмандону адибон ҳамсӯҳбат гарданд ва аз донишу таҷрибаашон истифода намоянд.
Дар маърӯзаи худ бо номи “Садриддин Айнӣ ва сарнавишти забони адабиёт” доктори илмҳои филология, профессор Нуралӣ Нурзод дар бораи хидмати мондагори Қаҳрамони халқи Тоҷикистон дар мавриди забони адабиёт изҳори назар кард. Барои омӯзгорон маводҳои тозаи таҳқиқии худро оид ба зиндагинома ва осори Устод Айнӣ пешниҳод намуд.
Дар мавзӯи “Донишгоҳ ва мактаб: мубодилаи таҷриба ва ҳамкорӣ” номзади илмҳои педагогика, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дотсент Муҳаббат Тиллохӯҷаева суханронӣ карда оид ба роҳу усулҳои замонавии ҳамкориҳои донишгоҳу мактаб пешниҳодҳои ҷолиб арзадошт. Мавсуф оид ба масъалаи салоҳиятнокӣ дар таълим нуктаҳои омӯзандаеро баён сохт.
Сипас Саидумрон Саидов, номзади илмҳои филология, устоди ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров дар бораи маърифати шеър дар мактаб изҳори назар намуда як ғазали Шайх Саъдиро тавзеҳ дод. Ҳини андешаронӣ ӯ омӯзгори забон ва адабиёт буданро мояи ифтихору сарбаландӣ ва адабиётро мактаби тарбияти инсон арзёбӣ намуд.
Адабиётшинос Шоира Олимова корманди Муассисаи давлатии “Маркази илмии Камоли Хуҷандӣ” силсилаи китобҳои тозанашри марказро муаррифӣ кард ва онҳоро ба китобхонаи муассисаи таълимии №18 ҳадя намуд.
Аз “Минбари андеша”-и маҳфил устодони ДДХ ба номи академик Бобоҷон Ғафуров доктори илмҳои филология Замирахон Ӯлмасова, дотсентон Мутрибахон Мавлонова, Субҳон Аъзамзод, Сорбон Азизов баромад карда, пешниҳоду дархостҳои ҷолиберо дар бораи ҳамкориҳои минбаъда баён намуданд.
Дар поёни маҳфил роҳбари он Саидумрон Саидов ҳадяҳои маънавӣ аз ҷумла китобҳои тозанашрро ба китобхонаи Муассисаи тахсилоти миёнаи умумии №18-и ба номи Садриддин Айнии шаҳри Хуҷанд тақдим кард.