(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Вохӯрии Раиси шаҳри Хуҷанд бо аъзоёни Шӯрои бибиотунҳо.Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода бо аъзоёни Шӯрои бибиотунҳои шаҳри Хуҷанд мулоқоти корӣ анҷом дод.
Шӯрои ҷамъиятии бибиотунҳо дар маркази вилоят аз соли 2011 ташкил гардида, 40 нафар бибиотунҳои шаҳр ва аз ҷамоатҳои Унҷӣ, Ҳ.Усмон ва Ёваи ноҳияи Бобоҷон Ғафуровро муттаҳид менамояд.
Бо мақсади тақвият додани кори Шӯрои мазкур ҳамбастагӣ бо бахши кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва ташкилотҳои ҷамъиятии «Саодат», «Гули сурх» ва «Насл» якчанд маротиба дар мавзӯи мухталиф семинарҳо гузаронида шуда истодааст.
Раиси шаҳр доири саҳми аъзоёни Шӯро дар ҳаёту фаъолияти маркази вилоят таъкид намуда барои иштироки фаъолона маъракаи пахтачинӣ тзҳори сипос намуд.
Тарғиби ҳаёти солим, худдорӣ аз ҳар гуна зӯроварӣ, гирифтани пеши роҳи таъсуби либоспӯшии бегона ва чанд дигар масалаҳое буданд, ки Раҷаббой Аҳмадзода ба ислоҳи онҳо даъват намуд. Зикр гардид, ки барои боз ҳам беҳтар намудани робитаи шӯро бо воҳидҳои сохтори давлатӣ нақшаи муштараки фаъолият бояд таҳия ва корбарӣ гардад.
Дар ниҳояти мулоқот Раиси шаҳри Хуҷанд ба 17 нафар фаъолони Шӯрои бибиотунҳои шаҳр тӯҳфаҳои хотиравӣ супорид.