(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ба таълим ва омӯзиши забони русӣ таваҷҷуҳи махсус зоҳир мегардад. Ба таъкиди Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, забони русӣ барои тоҷикон забони дуюми модарӣ аст ва он барои ҷомеаи мо аҳамияти бузурги на шиорӣ, балки воқеӣ дорад. Ба имзо расидани Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи такмили таълим ва омӯзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Тоҷикистон» ва Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Барномаи давлатии такмил ва омӯзиши забони русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2004-2014» аз ҷомеаи омўзгорон ва хонандагон тақозо менамояд, ки ба омўзиши забонҳои хориҷӣ бахусус забони русӣ аҳамияти хоса зоҳир намоянд.

Баҳри дар амал татбиқ намудани ин ҳадафҳо дар гимназияи №4-и шаҳри Хуҷанд бо роҳбарии омӯзгори пуртаҷриба М. Алимова машғулияти муштараки ғайристандартии аз фанҳои забон ва адабиёти рус бо хонандагони синфи 9 ташкил ва гузаронида шуд.
Машғулиятҳо бо истифода аз аёният ва усулҳои фааъоли тааълим ва иштироку шавқмандии зиёди хонандагон ташкил ва гузаронида шуд. Машғулияти кушод аз тарафи намояндагони шуъбаи маориф, маъмурияти мактаб ва омўзгорони фанни забон ва адабиёти рус мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ гардид.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд