(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар Муассисаи таьлимии ғайридавлатии "Мактаби Ирфон" бо мақсади иҷрои фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи «Соли маърифати ҳуқуқӣ» эълон намудани соли 2024» семинар-машварат таҳти унвони “Шуур ва маърифати ҳуқуқӣ” бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳри Хуҷанд, маъмурият, омӯзгорони муассисаҳои таълимии шаҳр ва хонандагони ин дабистон баргузор гардид.

Таъкид шуд,ки соли 2024 эълон гардидани “Соли маърифати ҳуқуқӣ” аз дастуру супоришҳое, дар Паёми хеш Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ бармеояд ва ҳадаф аз ба тавсиб расидани фармони мазкур, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, тарғиби арзишҳои демократӣ, мустаҳкам намудани институти ҳуқуқи инсон, муносибати эҳтиромона бо он, баланд бардоштани мақоми қонун, тарбияи шаҳрвандон дар руҳияи эҳтиром нисбат ба он ва таъмин намудани волоияти қонун, ташаккул додани низоми устувори рафтори ҳуқуқӣ, оштинопазирӣ нисбат ба ҳама гуна ҳуқуқвайронкунӣ ва ногузир будани масъулияти ҳуқуқӣ, ҳамоҳангсозии фаъолияти тамоми субъектҳои тарғиб ва ташвиқи ҳуқуқӣ, ташкил намудани механизми самараноки ҳамкории давлат ва ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ дар самти маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон мебошад.
Анҷом додани тадбирҳои зикргардида арзиши олӣ будани инсон, ҳуқуқ ва озодиҳои ӯро таъмин намуда, ба эҳтиром ва риояи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳо ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии дигар, баланд бардоштани ҳисси ватандӯстӣ, тақвияти рағбати шаҳрвандон ба донишҳои соҳаи ҳуқуқ, васеъ намудани дастрасии шаҳрвандон ба иттилооти ҳуқуқӣ, иштироки фаъолонаи шаҳрвандон дар фаъолияти ҳуқуқэҷодкунӣ ва паст гардидани сатҳи ҳуқуқвайронкунӣ мусоидат менамояд.
Дар ҷараёни семинар зикр гардид, ки тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ фаъолияти мақсадноки доираи муайяни субъектҳо оид ба паҳн намудани дониш оид ба ҳуқуқ, озодиҳо ва уҳдадориҳои инсон ва роҳҳои татбиқи онҳо, ба таври мунтазам таъсир расонидан ба шуур ва рафтори насли наврас бо мақсади ташаккули ақидаҳо, арзишҳои мусбӣ, самтҳо, муносибатҳое, ки риоя, иҷро ва истифодаи меъёрҳои ҳуқуқӣ, инчунин ташаккули шуури ҳуқуқиро таъмин мекунанд.
Масалан тарғиби арзишҳои ҳуқуқӣ барои хонандагон- ин фаъолияти мақсадноки омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ, ки ба фароҳам овардани шароит барои баланд бардоштани шуури ҳуқуқии муҳассилин дар асоси арзишҳои ҳуқуқии умумибашарӣ нигаронида шудааст.
Дар ҷараёни машварат оид ба мавзуъи матраҳгардида мубодилаи афкор сурат гирифт.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд