(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБо мақсади ташаккул додани тарбияи миллӣ ва ба кӯдакон тарғиб намудани анъанаҳои аҷдодӣ бахшида ба Иди Сада дар МТТ№14-и шаҳри Хуҷанд маҳфили намунавӣ баргузор гардид.

Дар маҳфил ба тарбиятгирандагон роҷеъ ба аҳамияти Иди Сада ва фарҳанги он маълумот дода шуд. Таъкид гардид, ки ҷашни Сада аз омодагӣ ба кишту кори баҳорӣ, покиза намудани кӯчаву хонаҳо, кандану тоза намудани ҷӯю заҳбурҳо пайк медиҳад. Дар гузашта сокинони шаҳр ва рустоҳо барои оташафрӯзӣ ҳезум ҷамъ оварда, гулхани бузург меоростанд ва аз болои оташ парида, дар гирди он давр гаштаву сурудхонон мерақсиданд. Дар натиҷа, меҳру муҳаббат, якдилӣ, дӯстиву рафоқати одамон зиёд мегардид.
Таҷлили ҷашнҳои гуногуни таърихӣ, аз ҷумла Сада аҳамияти калони тарбиявию ватандӯстӣ дорад. Сада панҷоҳ шабонарӯзро то фарорасии Наврӯз дар бар гирифта, аз наздик омадани фасли баҳору оғози корҳои кишоварзӣ мужда мерасонад.
Тавре Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид менамоянд: «Аз ин ҷашни бостонӣ то ба имрӯз як силсила расму анъанаҳо, намунаҳои фарҳангиву адабӣ ва малакаву таҷрибаҳои кишоварзӣ мерос мондаанд, ки ин арзишҳои маънавӣ наслҳои имрӯзаро бо таърихи беш аз шашҳазорсолаи халқамон пайванд медиҳад».
Дар воқеъ, фалсафаи тамоми ҷашну маросими мардумии тоҷикон аз ваҳдати ҷомеа, ҳамдигарфаҳмӣ, эҳтироми ҳамдигар, омӯзиши илму ҳунар, маърифат, арҷгузорӣ ба тамоми унсурҳои табиат ва дигар падидаҳои нодир иборат мебошад.
Миллати тоҷик шаҳрсозу шаҳрдор ва покманишу фарҳангӣ буда, ин ҳама ҷашну маросимҳои мардумӣ, ки аз аҳди бостон то имрӯз таҷлил мегарданд, нишоне аз тамаддуни воло мебошад. Рамзу маъниҳои Сада хеле зиёданд, аммо моҳияти асосии ҷашни Сада аз пирӯзии гармӣ бар сардӣ, рӯшноӣ бар торикӣ ва некӣ бар бадӣ иборат мебошад. Зеро нур ва гармӣ сабаби идома пайдо кардани рӯзгор, ҳастии мавҷудот ва ҳифзи зиндагист.
Аз тарафи тарбиятгирандагони МТТ №14 доир ба ҷашни Сада шеъру суруд ва таронаҳои ҷолиб пешниҳод карда шуд.