(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altБа диққати падару модарон ва шаҳрвандоне, ки даъватшавандаанду соли таваллудашон аз 1997 то 2006 мебошад ва тибқи қонунгузории кишвар ӯҳдадоранд дар сафҳои Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон хизмат кунанд, расонида мешавад, ки бо дастгирии мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таҳсил дар курсҳои ронандагии Ташкилоти мададгори мудофиа (ДОССАФ) дараҷаи “В” ва “С” оғоз гардидааст.

Таҳсили курсҳои ронандагии Ташкилоти мададгори мудофиа (ДОССАФ) пурра ройгон мебошад. Пеш аз сафарбарӣ шаҳодатномаи ронандагӣ дар фазои тантанавӣ аз ҷониби роҳбарияти шаҳри Хуҷанд тақдим карда мешавад.
Хоҳишмандон метавонанд барои номнавис кардан ба Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд муроҷиат намоянд.