(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси шаҳри Хуҷанд, раиси Федератсияи футболи шаҳр Фирдавс Шарифзода гурӯҳи кории комиссияи Федератсияи футболи Тоҷикистон таҳти роҳбарии ноиби президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон Алишер Урунов ва ҳайати ҳамроҳонаш: директори генералии Лигаи футболи Тоҷикистон Сайвалӣ Шоқурбонов, сардори иншоотҳои варзишии ФФТ Раҳмон Муртазоевро ба ҳузур пазируфт.

Нахуст Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз роҳбарияти Федератсияи футболи Тоҷикистон, бахусус Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ барои дастгириҳои доимӣ дар самти рушди футбол изҳори сипос кард.
Таъкид шуд, ки дар шаҳр 7 адад варзишгоҳ ва 30 адад майдончаҳо барои бозии футбол амал мекунад. Соли ҷорӣ бунёди боз 20 адад майдончаҳои футбол дар микроноҳияҳои шаҳр ба нақша гирифта шудааст, ки ҳамаи он ба ҳадафи рушди футбол нигаронида шудааст.
Ҳамзамон баҳри рушдиу густариши ҳамаҷонибаи футбол бо дастгирии Президенти Федератсияи футболи Тоҷикистон муҳтарам Рустами Эмомалӣ ва Раиси федератсияи вилоят Раҷаббой Аҳмадзода як қатор иншооти варзишӣ барои бозии футбол бунёд ва азнавсозӣ гардиданд. Баҳри ҷалби васеи наврасону ҷавонон ба варзиши намуди футбол дар шаҳри Хуҷанд ҳамасола мусобиқаҳои варзишӣ аз рўйи намуди футбол барои дарёфти “Ҷоми Раиси шаҳр”, “Тўби чармин”, «Бойчечак» ва ғайраҳо ташкил ва гузаронида мешаванд.
Ноиби президенти ФФТ Алишер Урунов, директори Лигаи футболи кишвар Сайвалӣ Шоқурбонов ва раиси иншооти варзишии ФФТ Раҳмон Муртазоев роҷеъ ба омодагии дастаҳои шаҳри Хуҷанд ба мавсими нави футбол, таҳкими инфрасохтори варзишӣ, дарёфт ва тарбияи истеъдодҳои нав аз байни наврасону ҷавонон ва ғайра ибрози андеша намуданд. Аз ҷумла, бунёди ифрасохтор дар варзишгоҳҳои “20 солагии Истиқлолият” ва “Спартак” дар меҳвари асосии мулоқот буд.
Дар мулоқот ҳамзамон масъалаи ташкили дастаҳои футболи ҷавонон, бонувон ва рушди футболи намуди футзал дар шаҳри Хуҷанд низ матраҳ карда шуданд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд