(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №20-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба ёдбуди ҷанговарони интернатсионалист Исматхон Алихонов, ки дар амалиётҳои ҷангӣ мардонагию ҷасорати бемисл нишон дода, баъди маргаш бо ордени “Ситораи Сурх” қадршиносӣ гардидааст, маҳфил баргузор гардид.

Дар чорабинӣ аз тарафи хонандагон доир ба ҳаёт ва фаъолияти ин марди шуҷои накӯном маълумот дода шуда, шеъру суруд ва таронаҳои ватандӯустона низ ироа карда шуд.
Дар чорабинӣ раиси Шӯрои собиқадорони ҷанговарони интернатсионалисти вилояти Суғд Муқимҷон Қобилов ва мудири шуъбаи кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд Абдувосит Ғафуров баромад намуда, роҷеъ ба рӯзгор ва қаҳрамониҳои ҷанговарони интернатсионалист Исматхон Алихонов маълумот дода, ҳамзамон таъкид доштанд, ки пас аз соҳибистиқлол гардидани Ҷумҳурии Тоҷикистон дар заминаи дастгирӣ ва таваҷҷуҳи рӯзафзуни Роҳбарияти давлат ва Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Артиши миллӣ дар шароити ниҳоят вазнину ҳассоси иқтисодӣ ва ҳарбиву сиёсии кишвар, яъне дар рӯзҳое, ки кишварро ҷангу хунрезӣ, беқонуниву беҳокимиятӣ ва буҳрони шадиди иқтисодӣ фаро гирифта буд ва ҳамаи сохтору мақомоти давлатӣ фалаҷ гардида, хатари аз байн рафтани давлати ҷавони Тоҷикистон ва пароканда гардидани миллати тоҷик воқеан ба миён омада буд, таъсис дода шуд. Ҳукумати мамлакат аз рӯзҳои нахустини таъсисёбии Қувваҳои Мусаллаҳ бо вуҷуди имкониятҳои ниҳоят маҳдуди иқтисодиву молиявӣ барои бунёди инфрасохтори низомӣ, таъсиси ҷузъу томҳои махсусгардонидашуда, таъмин кардани онҳо бо техникаву таҷҳизоти замонавӣ ва фароҳам овардани шароити зарурӣ барои хизмат ва зиндагӣ тамоми тадбирҳоро амалӣ намуд ва ин равандро имрӯз низ идома дода истодааст.
Мо имрӯз дилпурона изҳор менамоем, ки афсарону сарбозони Қувваҳои Мусаллаҳи мо, ки дар тӯли ин солҳо аз бисёр имтиҳону озмоишҳои сангину мураккаб сарбаландона гузаштаанд, рисолати касбӣ ва қарзи ватандӯстонаву шаҳрвандии худро минбаъд низ бошарафона иҷро мекунанд. Имрўз Арртиши миллии мо ба як сохтори муназзаму муосир ва муқтадиру боэътимод табдил ёфтааст.
Иттилоъ дода шуд, ки аз шаҳри Хуҷанд солҳои 1979-1989 423 нафар ҷавонон дар кишвари Афғонистон адои хизмат каданд. Дар натиҷа 4 нафар дар амалиётҳои ҷангӣ вафот каданд. 4 нафар маъюби ҷанг ва 14 нафар осеби ҳарбӣ гирифта, ба Ватан баргаштанд. Аз ин миён барои қаҳрамонию ҷоннисориҳо 78 нафар бо Ордену медалҳои ҷангӣ мукофонида шудаанд. То ба имрӯз 73 нафар аз иштирокдрони ҷанги афғон дар шаҳриХуҷанд вафот карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд