(1 голос, среднее 1.00 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар шаҳри Хуҷанд бо мақсади шарҳи Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ силсилаи мулоқоти вакилони Маҷлиси вакилони халқи вилоят бо интихобкунандагон ҷараён дорад.

Субҳи имрӯз дар толори МТМУ№3 вакили Маҷлиси вакилони халқи вилояти Суғд аз ҳавзаи интихоботии «Масчиди Сурх №5»-и шаҳри Хуҷанд Дилафрӯз Саидӣ бо интихобкунандагони ҳавзаи мазкур баргузор гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки рушди муосири иқтисодиёт ва баланд бардоштани рақобатнокии он бидуни рушди сармояи инсонӣ ғайриимкон мебошад. Вобаста ба ин, сатҳи рушд ва самаранокии истифодаи сармояи инсонӣ барои давлату Ҳукумат аҳаммияти аввалиндараҷа дорад.
Рушди сармояи инсонӣ омили калидии баланд бардоштани сатҳу сифат ва самаранокии соҳаҳои иҷтимоӣ, махсусан, маорифу тандурустӣ, илму инноватсия, инчунин, фаъолияти самараноки муассисаҳои илмӣ мебошад. Дар навбати худ, рушди илму маориф калиди пешрафти ҳамаи соҳаҳо ва омили муҳимтарини таъмин намудани ояндаи босуботи давлат ва фардои босаодати ҷомеа ба ҳисоб меравад.
Дастгирии таҳқиқоти илмӣ тавассути боло бурдани меъёри маблағгузории он, таъсиси марказҳои муосири илмӣ, озмоишгоҳҳо ва ба роҳ мондани ҳамкории муассисаҳои илмӣ бо истеҳсолот дар давраи минбаъда муҳим арзёбӣ мегардад.
Дар Паём таъкид шуд, ки соли 2017 низоми маорифи кишвар 2,1 миллион нафарро ба таҳсил фаро гирифта бошад, пас дар соли 2023 ин нишондиҳанда ба 2,6 миллион нафар расидааст. Тибқи дурнамо ин шумора то соли 2025 ба 2,7 миллион нафар мерасад.Ин раванд зарурати бунёди муассисаҳои таълимии нав ва баланд бардоштани имкониятҳои низоми маорифро тақозо мекунад.
Агар дар соли 2023 шумораи хатмкунандагони муассисаҳои таҳсилоти умумии кишвар 103 ҳазор нафарро ташкил дода бошад, пас қабул ба синфи 1-ум ба 261 ҳазор нафар расидааст.
Дар ин давра 200 муассисаи таълимии нав ва биноҳои иловагӣ барои беш аз 85 ҳазор хонанда сохта, ба истифода дода шудааст, вале ин ҳоло ҳам кам аст.
Қобили зикр аст, ки Тоҷикистон тибқи таҳлилҳои ЮНЕСКО ва Бонки Ҷаҳонӣ ба гурӯҳи кишварҳое дохил шудааст, ки ҳаҷми маблағгузории онҳо ба соҳаи маориф аз ҳисоби буҷети давлат зиёд мебошад.
Дар ин раддабандӣ мамлакати мо аз 183 кишвари таҳти омӯзиш қарордошта ҷойи 21-умро ишғол менамояд.
Аз ҷониби Презиенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид шуд, ки авзои зудтағйирёбандаи ҷаҳони имрӯза низоми маорифи муназзам, мустаҳкам ва дар айни замон ҷавобгӯ ба талаботи рӯзафзуни ҷомеаро тақозо менамояд.
Дар чунин шароит омода кардани кадрҳои баландихтисоси омӯзгорӣ, боз ҳам баланд бардоштани сифати таълим, эътибори ҷиддӣ додан ба омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар тамоми зинаҳои таҳсилот, илмҳои дақиқ, риёзӣ ва табиӣ вазифаи муҳимтарини роҳбарону масъулини соҳа ва аҳли маориф мебошад.
Дар ин раванд, ба вазоратҳои маориф ва илм, меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ, Кумита оид ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ супориш дода шуд, ки ҷиҳати таҳкими заминаи моддиву техникии муассисаҳои таҳсилоти ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ҳамкории фаъол бо корхонаҳои истеҳсолӣ ва омода кардани кадрҳои баландихтисоси техникиву муҳандисӣ чораҷӯйӣ намоянд.
Ҳамзамон Вазорати маориф ва илм, Комиссияи олии аттестатсионӣ, Агентии назорат дар соҳаи маориф ва илм, Академияи миллии илмҳо ва академияҳои соҳавӣ, ҳамчунин, вазифадор карда шуданд, ки барои ба сатҳи сифатан нав бардоштани фаъолияти муассисаҳои таҳсилоти олии касбӣ тадбирҳои зарурӣ андешанд.
Дар ин замина таъкид шуд, ки бояд рушди иқтидори илмии муассисаҳои зикршуда, дар доираи лоиҳаҳои давлатӣ ва байналмилалӣ анҷом додани таҳқиқоти арзишманди илмӣ ва дар раддабандии ҷаҳониву минтақавӣ мавқеи шоиста ишғол намудани муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар таъмин карда шавад.
Вакили вилоятӣ Дилафрӯз Саидӣ доир ба нуктаҳои дигари Паёми Роҳбари Давлат ба Маҷлиси Олӣ андешаҳояшро баён дошт.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд