(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altCубҳи имрӯз чун анъана бо иқдоми Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд ва Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ярмарка - фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ва маводи озуқаворӣ ташкил карда шуд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмаркаи фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ боздид намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар ярмарка фаровонии маҳсулот ба мушоҳида мерасид. Нархи 30 дона тухм 25 сомонӣ, як кило пиёз 1 сомонию 80 дирам, як кило гӯшти гов 50 сомонӣ, гӯсфанд 60 сомонӣ, 5 литр равған 60 сомонӣ, 10 кило орд 45 сомонӣ, як кило картошка 3 сомонию 80 дирам, як кило моҳӣ аз 18 то 30 сомонӣ ва ғайраҳо арзиш доштанд.
Бояд зикр намуд, ки ҳар ҳафта рӯзҳои истироҳатӣ дар шаҳри Хуҷанд ташкил намудани ярмарка бо мақсади пешгирии баландшавии арзиши маҳсулотҳои хўрока ба ҳукми анъанаа даромадааст.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд