(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд маросими муаррифии муовинони нави Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо розигии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва пешниҳоди Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарори хешро ба тасвиб расонд, ки тибқи он Муяссара Қаҳҳорӣ ба вазифаи муовини Раиси шаҳр- сарпарасти соҳаи рушди иҷтимоӣ ва Ҷамшед Набизода ба маснади муовини Раиси шаҳр-сарпарасти соҳаи идеалогия таъин гардиданд.
Ғолиб Шарифзода, мудири шуъбаи кадрҳои дастгоҳи Раиси вилояти Суғд зимни муаррифии кадрҳои тозатаъин гуфт, ки Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Таҳсилот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуровро бо ихтисоси рӯзноманигор ва соли 2007 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос хатм кардааст.
Муяссара Қаҳҳорӣ соли 1996 фаъолияти худро ба ҳайси коргузори Идораи телевизион ва радиошунавонии вилояти Суғд оғоз намуда, соли 1998 ба ҳайси референт, муҳаррири барнома дар Идораи телевизион ва радиошунавонии вилояти Суғд идома бахшидааст. Сипас, солҳои 1999-2000 ба сифати муҳаррири барнома дар Ширкати телевизион ва радиошунавоии «Азия» кор кард. Аз соли 2000-2005 ҳамчун коргузор- чопкунандаи шўъбаи умумии Ҳукумати вилояти Суғд фаъолият намуд.Аз соли 2005 то соли 2017 ба ҳайси ҳимоятгар дар ташкилотҳои ҷамъиятии «Адвокатҳои боваринок», «Инис», «Сипари адолат» ва ҳуқуқшиноси филиали ташкилоти ҷамъиятии «Наҷоти кӯдак» ва Муассисаи давлатии махсусгардонидашудаи «Хонаи кўдакон»-и шаҳри Хуҷанд кору фаъолият дошт.
Тибқи Қарори Раиси шаҳри Хуҷанд аз 3 августи соли 2017 ба вазифаи мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд таъин гардида буд ва то ба имрӯз дар ин маснад фаъолият дошт.
Муяссара Қаҳҳорӣ, ба сифати муовини Раиси шаҳри Хуҷанд ба соҳаҳои маориф, тандурустӣ, бонувон, фарҳанг, комиссияи ҳифзи ҳуқуқи кӯдак ва Шӯрои собиқадорони меҳнат сарпарастӣ хоҳад намуд.
Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистонро бо ихтисоси ҳуқуқшинос, соли 2023 Академияи хоҷагии халқ ва хизмати давлатии назди Президенти Федератсияи Русияро бо ихтисоси менеҷмент хатм намудааст.
Солҳои 2004 – 2005 ба ҳайси қосиди Суди вилояти Суғд фаъолияти меҳнатии худро оғоз намудааст. Солҳои 2005 – 2009 вазифаи котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғдро иҷро намудааст.
Аз соли 2009 чун котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои граждании Суди вилояти Суғд адои вазифа намудааст.
Фаъолияти меҳнатии ӯ аз соли 2012 дар вазифаи котиби коллегияи судӣ оид ба парвандаҳои ҷиноятии Суди вилояти Суғд идома ёфта, баъдан котиби маҷлиси судии Суди вилояти Суғд буд.
Шурӯъ аз соли 2013 вазифаи ёрдамчии раиси Суди вилояти Суғдро иҷро намуд.
Аз 7 –уми марти соли 2016 бо Амри Раиси шаҳри Хуҷанд ба вазифаи сармутахассис - ҳуқуқшиноси дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд тайин гардида буд.
Аз соли 2022 то таъин шудан ба вазифаи муовини Раиси шаҳр дар маснади мудири шуъбаи умумӣ, назорат ва қабули шаҳрвандон кору фаъолият дошт.
Ҷамшед Набизода ба ҳайси муовини Раиси шаҳри Хуҷанд оид ба идеалогия ба соҳаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа, дин ва танзими расму оин, ҷавонон ва варзиш, ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ сарпарастӣ хоҳад намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода муовинони тозатаъини худ Муяссара Қаҳҳорӣ ва Ҷамшед Набизодаро баҳри амалӣ намудани сиёсати пешгирифтаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода даъват намуд.
Таъкид карда шуд, ки эшон вазифа ва масъулияти роҳбариро бо тарзу усулҳои муосир, меҳнати софдилона баҳри ободии Ватан ва таъмини фазои шаффофу мусоиди кору фаъолият дар ниҳодҳои зери роҳбарияшон роҳандозӣ намоянд.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд