(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаҳои саноатии «САТН» ва «Ҷавонӣ» шинос гардид.

Рушди соҳаи саноат, баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ, фаъолсозии корхонаҳои хурду бузург, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва ба шуғли доимӣ фаро гирифтани шаҳрвандон аз ҳадафҳои асосии Ҳукумати кишвар ба ҳисоб рафта, дар ин самт дар вилояти Суғд аз тарафи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят тадбирҳои мушаххас андешида мешавад.
Зимни шиносоии Раиси вилоят бо фаъолияти кунунии ҶДММ «САТН» иттилоъ дода шуд, ки корхонаи мазкур яке аз бузургтаринҳо дар вилоят аст ва ашёи хоми ватанӣ - пахтаро мавриди коркард қарор дода, аз он маҳсулоти тайёр истеҳсол менамояд. Корхона дар шарикӣ бо сармоягузорони Италия фаъолияти босамар дошта, аз корхонаҳои фаъоли нассоҷӣ ба ҳисоб меравад. Корхона доро сехҳои ресандагӣ, бофандагӣ, рангубор, коркарди матоъ, дӯзандагӣ, шустушӯй ва дарзмолкунӣ иборат буда, тамоми раванди истеҳсолот риоя ва ба сифати маҳсулоти истеҳсолшаванда аҳмияти хоса дода мешавад. Дар корхона наздик 600 нафар сокинон ба кор ҷалб гардида, вобаста ба кору фаъолият, тахассуснокӣ ва таъмини нақша аз 2000 то 8000 сомонӣ маош мегиранд.
Иттилоъ дода шуд, ки 95 фоизи маҳсулоти истеҳсолгардида ба хориҷи дуру наздик, аз ҷумла Федератсияи Россия ва кишварҳои Аврупо содирот мегардад. Давоми соли 2023 дар ин корхона ба маблағи умумии 108 млн. сомонӣ маҳсулот истеҳсол гардид. Дар корхона тамоми раванди коркарди нахи пахта ба роҳ монда шуда, маҳсулоти хушсифат, аз қабили шиму куртаҳои бачагона, мардона ва занона истеҳсол карда мешавад.
Масъулини корхона азм доранд, ки дар оянда доираи фаъолиятро боз ҳам фарох намуда, ҳаҷми истеҳсолро боло бардоранд. Бо ин максад ба корхона дастгоҳҳои нави истеҳсоли матоъ ва ресандагӣ ворид карда шуд, ки боиси зиёд гаштани иқтидори истеҳсолии ҷамъият мегардад. Айни замон васлу насби дастгоҳи воридгашта ҷараён дошта, дар ояндаи наздик фаъол гардонида мешавад.ҶДММ «Ҷавонӣ» аз зумраи корхонаҳои дигари азим ва муваффақи вилоят ба ҳисоб рафта, саҳми он дар рушди соҳаи саноат, то ба коркарди ниҳоӣ расонидани ашёи хоми ватанӣ ва таъмини шаҳрвандон бо ҷои доимии корӣ басо назаррас аст. Корхона тавонист давоми соли 2023 нишондиҳандаҳои истеҳсолиро афзун намуда, маҷмуи маҳсулоти саноатиро ба 125 миллион сомонӣ расонад, ки ин назар ба ҳамин давраи соли 2022 зиёд мебошад.
Бо мақсади баланд бардоштани иқтидори истеҳсолӣ айни замон ба корхона дастгоҳҳои наву муосири ресандагӣ ва бофандагӣ ба мабалағи умумии 3,5 млн сомонӣ ворид карда шуд. Баробари васлу насби таҷҳизоти муосир ва ба кор андохтани он иқтидори истеҳсолӣ афзуда, ба сифати маҳсулоти тайёр таъсири мусбӣ мерасонад.
Кормандони корхона ҷиҳати истеҳсоли маҳсулоти рақобатпазир ва пешниҳоди маводи хушсифат ба мизоҷон талош меварзанд. Бо ин мақсад аз тарафи технолог ва тарроҳони коргхона мунтазам вобаста ба мудҳои замонавӣ либосҳо бо дизайн ва ороиши хоса истеҳсол карда мешавад. Маҳз ҳамин буд, ки корхона тавонист давоми фаъолияти худ харидорони худро аз даст надодаву баръакс сафи онҳоро зиёд гардонад.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ бо ҷараёни истеҳсолот таъкид кард, ки дар Паёми навбатии худ Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои таъмини рушди соҳаи саноат ва зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот вазифагузорӣ намуданд. Аз ин лиҳоз, ҳар як корхонаи саноатӣ ва масъулини соҳаро зарур аст, ки бо истифода аз имкониятҳо барои афзун намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот, тақвияти иқтидори истеҳсолӣ, зиёд намудани номгӯи маҳсулоти истеҳсолшаванда, истеҳсоли маҳсулоти воридотивазкунанда, бештар намудани содироти маҳсулот тадбирҳои заруриро амалӣ намоянд.
Дар зимн ба фаъолияти корхонаҳои истеҳсолии «САТН» ва «Ҷавонӣ» баҳои баланд дода шуда, барои васлу насби таҷҳизоти нав ва тақвиятбахшии иқтидори истеҳсолӣ, содироти маҳсулот ба хориҷи кишвар тавсияҳо дода шуд.
Сипас, роҳбари вилоят собиқадори меҳнат Иномҷон Бобоҷоновро аёдат карда, зимни суҳбат изҳор дошт, ки шахсиятҳои пешқадам, собиқадорони меҳнат, онҳое, ки дар солҳои гуногун баҳри пешрафт ва шукуфоии меҳани маҳбуб заҳмат кашидаанд, доимо таҳти таваҷҷуҳ ва ғамхориҳои давлату Ҳукумат қарор дода мешаванд.