(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода, муовини Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдухолиқ Амирзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия боздид намуданд.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ярмарка ба масъулини дахлдор ҷиҳати боз ҳам фаровон намудани ин тадбири муҳими аҳамияти иҷтимоидошта дастуру супоришҳои мушаххас дод. Ҳамзамон таъкид шуд, ки бояд нархи фурӯши маҳсулот аз бозор 20-40 фисад арзон бошад. Таваҷҷуҳи бештар ба афзун намудани номгуйи маҳсулоти ниёзи аввалия карда шуд, то ин, ки дастархони идонаи мардум бо нархҳои дастрас таъмин карда шавад.
Зимни суханронии худ Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода дар назди ҳозирин таъкид намуд, ки ташкили ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ, ширинӣ ва дигар ниёзи аввалия дар остонаи Соли нави мелодӣ тибқи дастуру супориш ва ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ,Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо мақсади фаровон ва ғанӣ намудани хони солинавии мардум сурат гирифт.
Бояд қайд намуд, ки соли ҷорӣ дар шаҳрҳои саноатии вилояти Суғд беш аз 50 маротиба ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ ташкил гардида, дар он зиёда аз 5000 тонна маҳсулот фурӯхта шудааст.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд