Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суҳбати самимӣ бо рўбандаю покизакорони Сарраёсати ободонии шаҳр таъкид дошт, ки заҳмати шабонарўзии ҳар як корманди ҷодаи ободонӣ ҳамеша қадршиносӣ мегардад, зеро аз фаъолияти бомаром ва самаровари онҳо тозагӣ ва хуррамии маркази маъмурии вилояти Суғд –шаҳри Хуҷанд вобастагии зиёд дорад.
Раҷаббой Аҳмадзода таъкид дошт, ки ҳар гоҳ, ки сокинону меҳмонон аз тамошои дарахтони ҳамешасабз, гулҳои рангоранг, сабзазор ва кӯчаву хиёбонҳои зебо, тозаю озодаи шаҳри бостонии Хуҷанд, таровату мунавварии шаҳр ба ваҷд меоянд, пеш аз ҳама ба меҳнати шумоён баҳои баланд медиҳанд.
Раиси вилоят рӯбандаю покизакоронро бо Соли нав таҳният гуфта, ба хонадонашони соли суботу оромӣ, файзу баракат ва пешрафту дастовардҳои боз ҳам бештар гардида, ҳамаи нақшаву ниятҳои неки онҳо бо заҳмати ватандӯстонаашон амалӣ шаванд.
Рўбандаю покизакорон, ки аз кўмакҳои ғизоӣ, аз қабили орду равған, шакар, макарон, биринҷ, ширинӣ, тӯҳфаи соли навӣ, маблағи пулӣ ва ғайраҳо бархўрдор шуданд, миннатдории хешро ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумат барои таваҷҷуҳ изҳор доштанд.