(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТАКЯ БА ҲОМИЁНИ АМНУ ОСОИШ

Собиқадорон ва кормандони шарафманди амнияти миллӣ!

Ҳар сол чун анъана рӯзи 28-уми декабр дар қаламрави кишвар Рӯзи кормандони амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон доир мегардад. Ба ин муносибат ҳамаи Шумо, кормандон ва алоқамандони соҳаи амниятро аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд табрику таҳният намуда, барояшон дар иҷрои вазифаи басо мураккабу пурмасъул ва айни дар замон пуршарафашон, саломативу рӯзгори обод, барори кор ва дар иҷрои рисолат матонату қавииродагӣ ва ҷасорату тинати рустамонаро орзумандам.

Бояд қайд намуд, ки ин ниҳоди истихборӣ ва зиддистихбориест, ки вазифаи асосии он таъмини амнияти миллӣ ва давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Ба вазифаҳои асосии Кумитаи давлатии амнияти миллии Тоҷикистон таъмини амнияти дохилӣ ва марзӣ, мубориза бо терроризм ва ҷиноятҳои муташаккил дохил мешаванд.

Нақши кормандони ин ниҳоди қудратии мамлакат дар таъмини сулҳу субот, ҳифзи арзишҳои истиқлолият, таъмини амнияти миллӣ бемисл буда, хизматҳои шоистаи фарзандони содиқи Ватан ва ҳомиёни марзу буми кишвар ҳамеша аз ҷониби роҳбарияти давлату Ҳукумат қадр мегарданд.Аз ощози ба Истиқлоли давлатӣ расидан ва пурқуввату побарҷо мондани ин неъмати бузурги таърихии халқи тоҷик, хизматҳои ватандӯстонаи кормандони амнияти миллӣ басо бузург аст.

Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳои хеш доимо аз шароити душвору печида ва мураккаби ҷаҳони муосир, авҷ гирифтани амалҳои террористӣ дар аксар давлатҳои сайёра изҳори нигаронӣ намуда, таъкид менамоянд, ки дар ин ҷода аз ҳар як хизматчии низомӣ маҳорати баланди касбӣ, ҳушёрӣ ва садоқат ба давлату миллат талаб карда мешавад.

Бо боварӣ метавон гуфт, ки минбаъд низ ҳар як корманди мақомоти амният дар таҳкими ваҳдати миллӣ ва фароҳамсозии фазои амну осишта дар шаҳри Хуҷанду кишвар саҳми сазовори хешро мегузоранд.

Бори дигар, ҳамаи кормандони Кумитаи давлатии амнияти миллиро бо Иди касбиашон табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар роҳи иҷрои рисолати бузург-ҳимояи неъматҳои муқаддасу беназир - озодиву истиқлолият ва манфиатҳои милливу давлатӣ барору муваффақиятҳо хоҳонам.

Иди касбӣ муборак, фарзандони содиқпешаи Ватан!