(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Таҷлили 97 солагии милитсияи тоҷик дар шаҳри Хуҷанд.Бахшида ба 97 солагии таъсисёбии милитсияи тоҷик бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода чорабинии идона баргузор гардид.
Ҷамъомадро сардори шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Эмин Ҷалилов ифтитоҳ намуда,ёдрас намуд, ки кормандони милитсия ҳамеша рисолати худро дар назди халқу ватан софдилона иҷро карда меоянд.Номбурда аз таърихи ташкилёбии милитсияи тоҷик сухан гуфта, омодагии кормандони худро баҳри дифои манфиатҳои давлат иброз намуд.
Дар назди ҳозирон Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баромад намуд. «Дар назди милитсия вазифаҳои муҳиму масъулиятноки тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии фаъолияти ташкилотҳои экстремистии динӣ меистанд. Ин нуқтаҳо дар баромадҳои Сарвари давлат Ҷаноби Олӣ, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилоят муҳтарам Абдураҳмон Қодирӣ алоҳида таъкиди худро ёфтаанд.
Масъулияте, ки бар дӯши худ доред, аз ҳар кадоми Шумо заҳмати шабонарӯзӣ, фаъолияти содиқонаву софдилона ва муҳимтар аз ҳама, поквиҷдонӣ, дасту дили пок, нияти нек, азму иродаи қавӣ, садоқат ба Ватан, миллат ва давлат, инчунин аз ҳама гуна манфиат боло гузоштани манфиатҳои милливу давлатӣ ва субботу оромии кишварро мехоҳад.»-таъкид намуд Раҷаббой Аҳмадзода.
Раиси шаҳри Хуҷанд ҳамчунин илова намуд, ки ҳифзи иҷтимоии кормандони милиса, боло бурдани сатҳи зинадагонии онҳо ,дастгирии моддию техникии шӯъба зери назорати бевоситаи роҳбарияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қарор дорад.
Танҳо соли равон ба 13 нафар кормандони милиса қитъаи замини наздиҳавлигӣ ҷудо карда шуд,ки аз онҳо шаш нафарашон кормандони шӯъбаи милитсияи шаҳри Хуҷанд ҳастанд.
Дар лаҳзаи тантанавӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба 6 нафар кормандони шӯъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд қарори ҷудо намудани қитъаи замини наздиҳавлигиро супорид.
Ҳамчунин ба чанде аз кормандони фаъол, собиқадорони соҳа Сипоснома, тӯҳфаҳои хотиравӣ ва кумакпулии яквақта супорида шуд.