(1 овоз, миёна 5.00 аз 5)

Қабули шаҳрвандон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд

Дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд қабули сокинон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода баргузор гардид.
Давоми рӯзи муқарраргашта ба Раиси шаҳр наздик 50 нафар шаҳрвандон муроҷиат намуда, барои ҳалли масалаҳои мухталиф дархост намуданд.
Шаҳрвандон маркази вилоят доири таъмини қитъаи замини наздиҳавлигӣ, расондани кӯмаки моддӣ  ва молиявӣ, таъмин бо ҷойи корӣ, ҷудо намудани ҳуҷраи истиқоматӣ аз хобгоҳ муроҷиат намуданд. Ҳамчунин Раиси шаҳри Хуҷанд ба роҳбарони воҳидҳои сохторӣ ва мутасаддиён дастур дод,ки барои иваз намудани кӯчаи ба номи Киров, ҷойгир намудан дар боғчаи бачагонаи № 36, мумфарш намудани кӯчаи ба номи Ш. Раҷабова  баррасии муқаррар намудани нафақа, расондани кӯмак барои сохтмони манзили истикоматӣ барои шахсони имконияташон маҳдуд чораҷӯӣ намуда, хулосаи пешниҳоди худро омода намоянд.