(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар МТМУ №15-и ба номи Кодир Рахимов- и шаҳри Хуҷанд бахшида ба "Рузи байналмиллалии мубориза бар зидди бемории ВНМБ (ВИЧ) ва АНМБ (СПИД) соати тарбиявӣ дар синфи 10 “б” таҳти унвони "КОМИ ОТАШ" бо роҳбарии омӯзгори фанни биология Фотима Дӯсматова ва иштироки омӯзгори калони факултаи гео- экологияи ДДХ ба номи Азиза Хоҷаева, намояндаи такшилоти ҷамъиятӣ Азизахон Расулова ва маъмурияти муассиса пурмазмун ва хотирмон гузаронида шуд.

Дар ҷараёни машғулият доир ба бемории сирояткунандаи бисёр хавфнок-ВНМБ маълумоти муфассал дода, аз ҷумла таъкид гардид, ки ба инсон сироят кардани ангезандаи он дар шароити ҳозира, ки усули самарабахши муолиїа ва пешгирии махсуси он вуїуд надорад, сабаби марг мешавад.

Мубориза ба муѕобили сирояти ин беморӣ яке аз вазифаҳои муҳими давлат дар соҳаи ҳифзи сиҳати аҳолӣ ба шумор меравад.
Зикр гардид, ки сирояти ВНМБ - бемориест, ки онро вируси норасоии масунияти бадани инсон ба вуҷуд меоварад. Дар вуҷуди ашхосе, ки ВИЧ ба онҳо сироят кардааст, вируси норасоии масунияти бадан ошкор карда шудааст. Ба категорияи ашхосе, ки мавриди сирояти ВИЧ қарор гирифтаанд, ашхосе ҳам ҳастанд, ки дар онҳо осори клиникии ин беморӣ зоҳир нашудааст ва ҳам беморони СПИД тааллуқ доранд.

ВНМБ -аломати норасоии масъунияти бадан - марҳалаи ниҳоии сирояти ВИЧ мебошад. Беморони ВНМБ- шахсоне мебошанд, ки зуҳуроти беморӣ дар онҳо гуногун буда, системаи масунияти бадани онҳо вируси норасоии масунияти бадан сахт зарар дидааст.
Мутобиқи ташхису таҳлилҳо ва омори расмӣ бинобар беаҳамиятиҳо имрӯзҳо шумораи гирифторони ин мариз ба фоиз боло меравад, ки ҷомеа ва мутахассисонро нигарон кардааст. Ин бемориест, ки шахси гирифторшуда онро моҳҳо ва баъзан солҳо ҳис намекунад ва он танҳо ҳангоми ташхиси хун дақиқан муайян мегардад. Шояд ҳамин бепарвоӣ, нодонӣ ва боварӣ ба рафтору кирдори худ баъзе ҷавонмардонро гумроҳ сохта, оқибат гирифтори чунин хатар месозанд.

Мутобиқи таҳлилҳои мутахассисон имкони коҳиш додани ин зуҳурот ва пешгирии беморӣ мавҷуд аст. Аввалан, ҳамаи муҳоҷироне, ки ба хориҷи кишвар мераванду боз меоянд, бояд аз ташхиси ҳатмӣ гузаранд ва дар муҳити оила меъёрҳои гигиениро риоя намоянд. Дастури дигаре, ки аз нигоҳи тарзи ҳаёти солим ва ахлоқи ҳамида хеле муҳим аст, болотар аз ҳама тадбирҳо қарор дорад, яъне эҳтиром ва пос доштани суннатҳои мазҳабӣ, покию озодагӣ, муҳаббату садоқат ва дурр будан аз ахлоқи баду гуноҳҳост. Ҳанӯз ҳам вақту имконият мавҷуд аст, ки пеши роҳи ин маризро бигирем ва ҳаёти солимро интихоб кунем.
Ин омори хатарнок бояд ҳар лаҳза моро сари андеша орад, то таҳаммул созему тадбир ҷӯем.

Соати тарбиявӣ аз ҷониби мушоҳидачиён таҳлилу баррасӣ гардида, ба он баҳои баланд дода шуд.