(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altАз 19 то 25 ноябри соли 2023 дар шаҳри Тиранаи Ҷумҳурии Албания Чемпионати ҷаҳон оид ба санъати муҳорибаҳои омехта байни ҷавонон ва калонсолон баргузор гардид.

Дар чемпионати мазкур зиёда аз 600 варзишгар аз 40 кишвари дунё иштирок намуданд ва дар баробари онҳо ҳайати дастаи варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ба таври фаъол дар он ширкат варзиданд. Варзишгарони Ҷумҳурии Тоҷикистон бо нишон додани маҳорати олӣ тавонистанд байни ҷавонони 18-20 сола сазовори 7 медал – 2 тилло, 2 нуқра ва 3 биринҷӣ ноил гарданд.

Байни калонсолон бошад варзишгарон сазовори 10 медал – 4 тилло, 3 нуқра ва 3 медали биринҷиро соҳиб гаштанд.

Дар умум ба варзишгарони тоҷик муяссар гардид, ки 17 медали чемпионати ҷаҳонро ба хазинаи мунтахаби Тоҷикистон ворид созанд. Бо ҳамин нишондод дастаи мунтахаби мо дар чемпионати ҷаҳон аз ҳисоби медалҳо дар радабандӣ мақоми якумро касб кард, ки ин дар таърихи варзишӣ тоҷик ба ҳарфҳои зарин навишта мешавад.

Варзишгаронро дар назди майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон муовини Раиси вилоят Даврон Зоҳидзода, Сардори Раёсати кор бо ҷавонон ва варзиши вилоят Бахтиёр Исматҷонов ва ҷавонону варзишгарон бо тантана пешвоз гирифтанд.

Масъулин дар навбати худ қайд карданд, ки нақшаҳои мо барои имсол ва солҳои баъдӣ низ умедворкунанда ва фараҳбахшанд. Мо бо кӯмак ва ғамхориҳои Асосгузори сулҳу ваҳдат – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дастгириву пуштибонии миллати сарбаланди тоҷик умедворем минбаъд низ ба дастовардҳои беназир ноил гардем.