(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз дар доираи сафари кории Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар шаҳри Хуҷанд маркази хизматрасонии «Амид» бо иштироки муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода, Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамолиддин Абдуллозода, Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ифтитоҳ гардид.

Зимни ифтитоҳи маркази нави савдою хизматрасонӣ таъкид гардид, ки Ҳукумати мамлакат дар доираи тадбирҳои созандагӣ бештар ба масъалаи бунёди иншооти замонавӣ, мутобиқсозии инфрасохтори зарурӣ ба талаботи замони муосир ва тавассути ин соҳибшуғл гардонидани аҳолӣ таваҷҷуҳи хоса зоҳир намуда дар ин самт тадбирҳои муҳимро марҳила ба марҳила амалӣ менамояд. Беш аз 70 фоизи маҳсулоти пешниҳодгардидаи маркази навтаъсиси «Амид» маҳсулоти ватанӣ буда, бо ин 25 нафар занону духтарон ва ҷавонон бо ҷойи кор таъмин шуданд.

Дар иншооти нав барои интихоби маҳсулот гушаҳои алоҳидаи фуруши маҳсулоти гуштӣ, меваю сабзавот, маҳсулоти нонӣ, хурокворӣ ва дигар шароити мусоид фароҳам мебошад. Дар шаҳри Хуҷанд 6 маркази савдою хизматрасонӣ бо браенди «Амид» фаъолият менамояд, ки дар онҳо зиёд аз 240 нафар бо ҷойи кор таъмин ҳастанд. Бинои навтаъсис аз ду ошёна иборат буда, дар ошёнаи якум, маркази хизматарасонӣ ва дар ошёнаи дуюм бошад ҳуҷраҳои корӣ мавҷуд аст. Дар бунёд, таъмир ва вусъати тадбирҳои ободонӣ саҳми соҳибкорони ватанӣ назаррас буда, ҳоло дар шаҳри Хуҷанд ба истиқболи ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар зиёда аз 100 иншоот корҳои сохтмонӣ идома дорад.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, маҳсулоти ҳасиб, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, нонвойхона, нуқтаи ҳозиразамони фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ва ғайра вуҷуд дорад.

Минбаъд сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ бархурдор гашта, метавонанд маҳсулоти ниёзи худро бо сифати баланд харидорӣ кунанд.

Дар маҷмуъ дар маркази савдо ва хизматрасонӣ аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, обҳои гуногун ва меваю сабзавот, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.

Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов ба якчанд нафар ашхоси камбизоат маводӣ ғизоӣ ва ниёзи аввалия тақдим карда шуд.



Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд