(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altИмрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба қисми ҳарбии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилии ВКД ташриф овард. Раҷаббой Аҳмадзода афсарону сарбозони қисми низомиро ба муносибати Рӯзи кормандони милитсия табрик гуфт.

Тазаккур дода шуд, ки дар ҳама давру замон пешрафти ҳаёти давлат ва ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии мустақим дорад, ки иҷрои ин вазифаи муҳим ба зиммаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ вогузор шудааст. Кормандони мақомоти милитсия вазифаи худро дар сатҳи баланд иҷро намуда, бо ин роҳ дар пешрафти ҷомеа саҳми арзандаи худро мегузоранд.

Дар даврони Истиқлоли давлатӣ ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дар мубориза ба муқобили гурӯҳҳои мусаллаҳи ҷиноятпеша, террористону ифротгароён, қочоқчиёни маводи мухаддир, силоҳ ва дигар ҷинояткориҳои муташаккили фаромиллӣ таҷрибаи зиёди касбӣ пайдо карданд ва имрўз суботу оромии кишвари азизамонро сарбаландона ҳимоя менамоянд.

Бояд таъкид кард, ки барои афсарону сарбозони қисми низомӣ дастархони идона ороста шуд.