(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altДар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд мулоқоти масъулин бо занони фаъоли шаҳри Хуҷанд «Нақши бонувон дар раванди тақдирсози миллат» ва маросими гувоҳномасупорӣ дар асоси Барномаи Тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони лаёқатманд барои солҳои 2023-2030 баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот муовини якуми раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Фируза Нуруллозода, сардори Раёсати кор бо занон ва оилаи вилояти Суғд Хуршедахон Хоҷазода, Муяссара Қаҳҳорӣ, мудири шуъбаи кор бо занон ва оилаи шаҳр, ходимони давлатию сиёсӣ ва дигарон оид ба тақвияти корҳои таблиғотӣ, дастовардҳои истиқлолият, тарғиби сиёсати ваҳдатофари Пешвои муаззами миллат, сару либоси миллӣ, амалӣ намудани Қонунҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон: «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», пешгирии ҳодисаҳои номатлуб байни занону бонувон, хушунат дар оила, хатарҳои динию экстремистӣ ва ғайра изҳори андеша намуданд.

Таъкид шуд, ки бо мақсади амали озодонаи иттиҳодияҳои динӣ, аз байн бурдани ҳаракату ҷунбишҳои ифротгаро, пешгирии шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ дар мамлакат Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», бо мақсади беҳбуд бахшидан ба вазъи зиндагии аҳолӣ Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросими миллӣ» ва ҷиҳати тарбияи насли ҷавону ояндасоз, афзун намудани меҳри падарию модарӣ, устувории оилаҳо Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълими тарбияи фарзанд» қабул гардиданд, ки иҷрои талаботи ин қонунҳо метавонад роҳи моро барои расидан ба олитарин ҳадафҳои давлатдорӣ осонтар намояд.

Ниҳодҳои дахлдор бояд танзими оила, эҳтироми зану шавҳар, хушунати оилавӣ, ҷудошавии оилаҳои ҷавон, дар амал татбиқ намудани барномаҳои давлатӣ, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, саводнокӣ ва маърифати ҳуқуқии занону духтаронро назорат бурда, ҷиҳати пешгирии падидаҳои номатлуб дар байни онҳо, аз байн бурдани либосҳои ба фарҳанги мо бегона, тарбияи насли солиму созанда, тарғиби тарзи ҳаёти солим, рушди фаъолияти соҳибкории занон, ба касбомӯзӣ ва шуғли доимӣ фаро гирифта шудани занону духтарон тадбирҳои зарурӣ андешанд.

Зикр шуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолии кишвар таҳти роҳбарии бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мухтарам Эмомалӣ Раҳмон Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тавонист, ки барои бехбудии вазъи занон таваҷҷўҳи хоса зоҳир намояд.

Дар ин раванд, тибқи дастуру супоришҳои Рохбари давлат “Барномаи давлатии тарбия интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби духтарони болаёқат барои солҳои 2023-2030 таҳия ва қабул гардидаст.

Барномаи зикршуда барои беҳтар намудани сатҳи иҷтимоию иқтисодӣ, фарҳангию маърифатии оилаҳо, пешгирии зўроварӣ нисбати занон, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, иштирокии фаъолонаи онҳо дар идоракунии давлат, омода намудани кадрҳои болаёқату донишманд аз ҳисоби занону духтарон ва баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон мусоидат намудаанд. Сиёсати давлатӣ оид ба тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳо аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд маҷмўъи тадбирҳо ва амалиёти мушаххасу ҳадафманде мебошад, ки ба баробарҳуқуқии шахсӣ, иҷтимоӣ ва вусъати имкониятҳои онҳо дар интихоби роҳҳои ҳаётӣ мусоидат мекунад.

Сипас ба 30 нафар хатмкунандагони курси “Зан-сарвар” Шаҳодатномаҳо тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд