(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altМилитсия – мақомоти муҳими давлатӣ

Афсарон, ҳайати шахсии мақомоти милитсия ва собиқадорони мақомоти корҳои дохила!

Ҳар сол 10-уми ноябр дар қаламрави кишвар чун Рўзи таъсисёбии милитсияи тоҷик таҷлил мегардад. Ба ин муносибати нек аз номи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд кулли алоқамандони ин мақомоти муҳими давлатиро бо иди касбӣ самимона табрик гуфта, барояшон тансиҳативу хонаободӣ, пешрафту муваффақият ва дар иҷрои рисолати бошарафу пурифтихорашон комёбиҳо орзу менамоям.

Мусаллам аст, ки рушди давлат ва ҳаёти ҷомеа аз суботу амният ва таъмини оромиву тартиботи ҷамъиятӣ вобастагии калон дорад ва иҷрои ин вазифаи муҳим ба дўши кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ, алалхусус, мақомоти корҳои дохилӣ вогузор гардидааст.

Мақомоти милитсияи тоҷик аз рўзҳои аввали ба даст овардани Истиқлоли давлатии ҷумҳурӣ сарфи назар аз мушкилоту монеаҳои зиёд, якҷо бо дигар мақомоту сохтори низомӣ аз ўҳдаи иҷрои масъулияти басо муҳиму душвор - барқарор кардани сохти конститутсионии давлат, тартиботи ҳуқуқӣ ва волоияти қонун сарбаландона баромад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳои худ қайд намудаанд, ки «…Рушди бомароми иқтисодиву иҷтимоӣ ва зиндагии орому осудаи мардуми кишвар дар навбати аввал, аз вазъи риояи қонунҳо, волоияти қонун, тартиботи ҳуқуқӣ ва таъмини амнияту суботи ҷомеа вобастагии мустақим дорад. Халқи кишвар ба фаъолияти давлат мувофиқи рафтору кирдори кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, садоқати онҳо ба давлату миллат, поквиҷдонӣ, сатҳи касбиву салоҳият ва маърифатнокиашон баҳо медиҳад».

Бале, шаффофияти фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқ то чӣ андоза таъмин бошад, ҳамон қадар қудрату тавоноии давлат зиёд гардида, адолати иҷтимоӣ ва зиндагии орому осоиштаи сокинон таъмин мегардад.

Вазъи ноороми ҷаҳон, бахусус, амалиёти ҳарбӣ ва ҷангу нобасомониҳои шадид дар баъзе аз кишварҳои Шарқи наздик ва минтақаҳои дигар, гуреза шудани мардуми бегуноҳ, хароб гардидани шаҳрҳои ободу таърихӣ, осори фарҳанги ҷаҳонӣ ва шикастани пояҳои давлатдории баъзе кишварҳо, бори дигар дастоварди ниҳоят пурарзиш ва бозёфти нодир будани истиқлолияту озодӣ, соҳибватанӣ ва сулҳу ваҳдати миллии мардуми Тоҷикистонро собит месозад.

Дар назди милитсияи тоҷик вазифаҳои муҳим, ба монанди тақвияти низоми ҳуқуқӣ, баланд бардоштани сатҳи маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, таъмини осоишу амнияти онҳо, ҳифзи ҳуқуқу озодиҳои инсон ва дар ин раванд вусъати беш аз пеши мубориза алайҳи ҷинояткорӣ, аз ҷумла, зуҳуроти барои ҳаёти ҷомеа таҳдидовар ва хатарнок ба мисли нашъамандӣ, пешгирии шомилшавии насли наврасу ҷавон ба ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба воситаи шабакаҳои иҷтимоӣ ва амсоли он меистанд, ки оид ба он дар суханрониҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода мунтазам садо медиҳанд.

Имрўз бо қатъияти том метавон гуфт, ки кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳри Хуҷанд ҳамчун як шохаи муҳими Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон тамоми донишу малака ва таҷрибаи хешро баҳри оромиву осудагии халқ, амну субот, тартиботи ҷамъиятӣ ба кор мебаранд ва сулҳу оромиро дар шаҳр пойдор месозанд. Давлату ҳукумат, мардуми санҷидакор заҳматҳои шаборўзии кормандони имрўза ва собиқадорони милитсияро қадр мекунанд ва ҳаргиз фаромўш намесозанд, зеро онҳо ҷон рўи каф гирифта, осоиштагии мардумро таъмин менамоянд.

Бори дигар ҳамаи кормандони мақомоти корҳои дохилии шаҳр ва алоқамандони ин соҳаи ҳаётан муҳимро ба ифтихори иди касбӣ табрик гуфта, барояшон дар ҷодаи хизмати бошарафу пурмасъулият, ки ба нафъи давлат, ватан ва халқи Тоҷикистон нигаронида шудааст, азму иродаи қавӣ ва барори кор орзу менамоям.

Ҳамеша сарбаланду муваффақ бошед, кормандони милитсия!