(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБа истиқболи Ҷашни Меҳргон дар МТТ №33-и шаҳри Хуҷанд маҳфили хушҳолӣ бо иштироки тарбиятгирандагони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.

Дар чорабинӣ кӯдакони гуруҳи миёна бо роҳбарии мураббия Меҳрӣ Орифова дар васфи тирамоҳи заррин, боигариҳои фасли тирамоҳ ва фарҳанги ҷашнгирии Меҳргон шеъру суруд ва гуфторҳо ироа намуданд.

Таъкид шуд, ки Меҳргон дар масири таърихи чандинҳазорсолаи худ ҳамчун ойини воқеан табииву мардумӣ, тантанаи заҳмати кишоварзон ва таҷассумгари ормонҳои неки созандаву ободгаронаи инсон тавонистааст, ки моҳият ва рисолати аслии хешро ҳифз намояд.

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани Тоҷикистони маҳбубамон мо имконият пайдо кардем, ки дар қатори дигар арзишҳои неки гузаштагон ин ойини аҷдодиро низ эҳё намоем ва онро ба муҳити фарҳангии даврони навини давлатдории миллиамон ҳамчун ҷашни миллӣ ворид созем.

Қобили таъкиди хос аст, ки рушди соҳаи кишоварзӣ ва таъмин намудани аҳолӣ бо маводи ғизоӣ ҷавҳари иҷтимоии ҷашни Меҳргонро ташкил дода, фалсафаи ин ойини дерина мардумро ба дӯст доштану ҳифз кардани табиати сарзамини аҷдодӣ, накӯкориву созандагӣ ва дӯстиву рафоқат ҳидоят мекунад.

Зикр гардид, ки ҷашнҳои Наврӯз, Тиргон, Меҳргон ва Сада пояҳои асолати миллии тоҷикон ба шумор мераванд, зеро ҳамаи онҳо маҳз дар марзу буми аҷдодии мо, яъне дар қаламрави таърихии тоҷикон зуҳур карда, ташаккул ёфтаанд.