(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altРаиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҷараёни корҳои сохтмонӣ дар Маркази тиббии байналмилалии «Мармед»-ро мавриди таваҷҷуҳ қарор дод.

Маркази тиббӣ дар маҳаллаи 12-уми шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои супоришҳои​ Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти​ таъмини​ рушди соҳаи тиб сохта​ мешавад.

Маркази тиббии байналмилалии «Мармед»​ аз 6​ ошёна ва таҳхона иборат буда, дорои 36​ кат​ аст. Бино бо тарзу усули хоси меъморӣ ва ҷавобгӯ ба сатандартҳои байналмилалӣ​ бунёд ёфта, дорои утоқҳои алоҳидаи ташхису табобат, машваратӣ, маъмурӣ, бақайдгирӣ ва​ ду ҳуҷраи алоҳидаи ҷарроҳӣ мебошад.​

Ба иттилои муассисон таҷҳизоти муосир асосан аз Кореяи ҷанубӣ, Аврупо, Туркия ва Чин ворид карда шуда, аз тарафи мутахассисони соҳа васлу насб гардида истодааст.

Дар назар аст, ки марказ соли равон мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шавад. Бо​ баистифодадиҳии иншооти наву муосир то 30​ нафар бо ҷойи корӣ таъмин мешаванд.

Сипас роҳбари вилоят бо корҳои​ сохтмонии коргоҳи равғанбарории ҶДММ «Сирдарё» шинос гардид.​ Бино ба иттилои масъулин корхона иқтидор дорад, ки дар як шабонарӯз то 50 тонна равғани офтобпарасту чигит ва 50 тонна кунҷора истеҳсол намояд.

Барои истеҳсоли равғани растанӣ аз кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон таҷҳизот ва технологияи муосир оварда, васлу насб карда мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд