(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар асоси нақшаи кории гурӯҳи кории "Модарони ваҳдатсаро" дар хобгоҳи донишҷӯёни Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров мулоқоти судманд бо иштироки занони барӯманди вилоят Саодат Аминҷонова, муовини сардухтури беморхонаи клиникавии шаҳрии №1 шаҳри Хуҷанд, номзади илмҳои тиб, вакили халқии вилояти Суғд ва Муҳаббат Мирсаидова - фаъолзани вилояти Суғд, собиқадори меҳнат баргузор гардид.

Сараввал мудири бахши кор бо занон ва духтарони донишгоҳ Гулбаҳор Султонова меҳмононро хайра мақдам гуфта, оиди масъалаи аввали рӯзнома - либоси миллӣ нишонаи тамаддун ва фарҳанги миллии тоҷикон, суханронӣ намуда, аз донишҷӯён даъват ба амал овард, ки ба хуруфот ва бегонапарастӣ роҳ надиҳанд ва ба либоси миллию фарҳанги тоҷикона арҷгузорӣ намоянд.
Баъдан Саодат Аминҷонова дар бораи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон "Дар бораи тарбияи ватандӯстии шаҳрвандон" баромад намуда, бо мазмуну моҳияти ин қонун ҷавононро шинос намуд.

Муҳаббат Мирсаидова дар бораи таваҷҷӯҳи ҳукумату давлат ба зан- Модар ва баланд бардоштани мавқеъи зан дар ҷомеа ибрози андеша намуда, духтаронро барои хониши аълою интизоми хуб даъват намуд.