(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altБо иштироки мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят, доктори илмҳои филологӣ Тоҷибой Султонӣ, раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод, рӯзноманигор ва адиби ҳаҷвнавис Абдуҳамид Ҷӯраев дар маҷлисгоҳи асосии Донишкадаи политехникии Донишгоҳи техникии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ба ифтихори Рӯзи забони давлатӣ ва зодрӯзи шоир, мутафаккири бузурги шарқ Ҷалолиддин Румӣ конференсияи илмӣ – амали таҳти унвони “Ҷаҳони тоҷик – забони тоҷик” баргузор гардид.

Чорабиниро бо сухани муқаддимавӣ муовини директори донишкада оид ба илм ва инноватсия, номзади илмҳои иқтисодӣ Усмонҷон Ахмедов оғоз намуда, аҳли нишастро аз номи роҳбарияти донишкада бо ҷашни Рӯзи забони давлатӣ табрик намуд. Аз ҷумла мавсуф зикр дошт, ки забони тоҷикӣ – забони миллати бостонии тоҷикон буда, таърихи бисёрҳазорсола дорад ва дар радифи забонҳои қадимаи ҷаҳон қарор дорад. Дар Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон” омадааст: “Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ мебошад”. Ин нукта ҳар як шаҳрванди кишварро водор месозад, ки забони тоҷикиро ба хубӣ донад ва озодона ба он такя намудаву фаъолият барад. Масъалаи бо забони тоҷикӣ сурат гирифтани коргузорӣ дар ҳудуди кишвар тақозо менамояд, ки забони тоҷикиро хуб донем. Ба таври зарурӣ донистани забон маданияти умумии омӯзандагонро баланд бардошта, сабаби рушди фаъолияти маънавии онҳо мегардад. Донистан ва омӯхтани забони тоҷикӣ дар ҳамаи соҳаҳои фаъолияти касбӣ аз рукнҳои асосию муҳими айём ҳисоб меёбад.
Тоҷибой Султонӣ аз рӯзгор ва осори мондагори мавлоно Ҷалолиддини Балхӣ қиссаҳои ҷолиб намуда, баён дошт, ки ин нобиғаи сатҳи ҷаҳонӣ бо эҷодиёти оламгирии хеш инсонҳоро ба роҳи ростин ҳидоят мекунад. Ҳоло асари безаволи шоир ва файласуф “Маснавии маънавӣ”қариб ба тамоми забонҳои рӯи олам тарҷума гардида, он китоби рӯимизии хосса мардумони шарқ ва Аврупо гардидааст.
Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод зимни суханронӣ аз қадру манзалати забони тоҷикӣ, ки забони шеъру забони тарона аст, ҳарф зада, баён дошт, ки яке аз вазифаҳои асосии дар назди мо меистода ин ба ҷавонон омӯзонидани фарҳанги муошират ва забондонӣ мебошад. Зеро ҳар як қавму миллатро маҳз аз сатҳи забондониву фаросати фикрониаш баҳо медиҳанд. Хеле хушоянд аст, ки солҳои охир аз ҷониби ҷавонони ҳушманд соҳибистеъдодони зиёде ба арсаи илм омада истодаанд, ки ба қадри сухану забон мерасанд ва дар ин ҷода рисолаҳои номзадӣ низ ҳимоя мекунанд.
Дар қисмати ниҳоии чорабинӣ аз ҷониби донишҷӯён шеъру таронаҳо дар васфи забони модарӣ, Ватан, модар сароида шуд.