(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altАз санаи 25 сентябр то санаи 5 октябри соли равон дар Театри давлатии академии опера ва балети ба номи Садриддин Айнӣ, Консерваторияи миллии Тоҷикистон ба номи Талабхӯҷа Сатторов ва Донишкадаи давлатии санъати тасвирӣ ва дизайни Тоҷикистон даври ниҳоии Озмуни ҷумҳуриявии “Тоҷикистон – Ватани азизи ман” дар сатҳи баланди ташкилӣ гузаронида шуд, ки дар он аз 37 нафар иштирокчиёни даври ниҳоии озмуни мазкур аз шаҳри Хуҷанд 10 нафарашон сазовори ҷойҳои якум, дуюм, сеюм, 1 нафар сазовори Диплом ва мукофотпулӣ, 26 нафар сазовори Диплом гаштанд. Ин пирӯзиро ба аҳли фарҳанги шаҳри бостонии Хуҷанд мубораку шодбош мегӯем.

Ҳамин тавр:
1. Маҳмудов Шукруллобек - ҷойи дуюм – дар номинатсия сарояндагии анъанавӣ аз мактаби санъати бачагонаи №1ба номи Лоиқ Шералӣ
2. Усмонов Мирзоамир – ҷойи сеюм – дар номинатсияи сарояндаи эстрадӣ аз мактаби санъати бачагонаи №1ба номи Лоиқ Шералӣ
3. Ҳакимова Парвина – ҷойи сеюм – дар номинатсияи санъати тасвирӣ аз шаҳри Хуҷанд
4. Санҷари Абдумалик – ҷойи сеюм – дар номинатсияи сарояндаи анъанавӣ аз ансамбли шашмақомхонони “Навои ҷовидон”-и назди бахши фарҳанги шаҳри Хуҷанд
5. Ҳамдамова Ширин – ҷойи якум – дар номинатсияи сарояндаи эстрадӣ аз шаҳри Хуҷанд
6. Рустамов Нӯъмонҷон – ҷойи якум – дар номинатсияи навозандаи академӣ аз Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз
7. Юсупов Искандар – ҷойи дуюм - дар номинатсияи навозандаи академӣ аз Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз
8. Каримов Дилшод – ҷойи дуюм дар номинатсияи навозандаи академӣ аз Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофиз
9. Шарифбоева Робия – ҷойи дуюм- дар номинатсияи дизайни мӯд ва бофандагӣ аз муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №26 шаҳри Хуҷанд
10. Ниёзова Матлуба – ҷойи якум - дар номинатсияи дизайни мӯд ва бофандагӣ аз Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Исҳоқӣ
Ҳамзамон Абдусудури Абдувахоб ҷойи ифтихориро дар номинатсияи "Санъати тасвирӣ" аз Коллеҷи санъати ба номи Содирхон Ҳофизи шаҳри Хуҷанд касб намуд.