(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altЗабон - рукни муҳими давлатдорӣ 

Ҳамшаҳриёни азиз!

Ҳар сол рўзи 5-уми октябр дар қаламрави кишвар чун Рўзи забони давлатӣ таҷлил мегар-дад. Ба ин муносибат тамоми соҳибзабонон, сокинони Хуҷандшаҳрро табрику таҳният гуфта, ба ҳар яки онҳо хушбахтиву некрўзӣ ва дар роҳи пурифтихори ватандўстиву ватандорӣ азму иродаи қавӣ орзу дорам.

Забон баёнгари сарнавишти таърихии халқи тоҷик буда, бо истиқлолияти Ватани мо пайванди ҷовидонӣ пайдо кардааст. Он барои ҳар халқу миллат мояи ифтихор ва шиносномаи давлат буда, тавассути забон миллат пойдор мемонад. Он эъҷози олитарини инсоният буда, барои ифода кардани фикру мулоҳиза, ақидаву сухан истифода бурда мешавад.

Ҳар давлат барои ҳифзи миллати худ қонунеро, ки маҳз доир ба забони модарӣ бошад, қабул намудаву аз рўи он кор мебарад. Забон баробари воситаи муошират буданаш, вазифаи муҳими илмию адабӣ, иҷтимоию фарҳангӣ, ҳам-чунин сиёсатро ба зима дорад.

Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон забони тоҷикӣ буда, таърихи 3-ҳазорсола доштани он бо осори хаттӣ исботи худро ёфтааст. Соли 1989 аввалин қонун дар бораи забони давлатӣ рўи кор омад, ки он барои як навъ хубтару беҳтар гаштан ва мақоми давлатӣ пайдо кардани забони тоҷикӣ хизматро ба ҷо овард. 5-уми октябри соли 2009 қонуни нави забони давлатӣ ба тасвиб расид, ки он барои дар сатҳи олӣ ҷорӣ шудани забони тоҷикӣ мусоидат кард.

Сарбаландии мо, мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол, аз он сарчашма мегирад, ки соҳиби забонем. Ифтихори миллӣ, Ватану ватандорӣ аз волоияти мақоми забон ва поку бегазанд нигоҳ доштани он сар мешавад.

Забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳар сокини ин кишвари соҳибтамаддун азизу гиромӣ гаштааст.

Имрўзҳо дар раванди ҷаҳонишавӣ ҳар шаҳрванди соҳибдилро мебояд, ки забону фарҳанги худро ҳамчун неъмати бузург эҳтиёт карда, онро аз таъсиру таҳдидҳои беруна эмин нигоҳ дорад.

Забони тоҷикӣ ҳамчун омили муҳими пойдории миллат ва давлатдории миллӣ аз ҷониби давлат ҳимоя ва нигаҳдорӣ мешавад. Аз ин рў, сиёсати давлат дар бораи забон ҳамчун ҷузъи ҷудонопазири сиёсати давлатӣ дар таъмини рушди бомароми забони давлатӣ ва забонҳои дигари ҷумҳурӣ равона шудааст.

Чуноне Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон таъкид намудаанд: «Забони миллӣ рукни муҳимтарини давлатдорӣ буда, ҳифз кардани он, риоя намудани меъёрҳо ва аз забони халқу осори гаронбаҳои пешин бой гардонидани захираи луғавии ин забони нобу шоирона, вазифаи ҳар соҳибватан мебошад. Мо бояд дар шароити кунунӣ ба рушди забонамон эътибори ҷиддӣ диҳем ва онро аз таъсири манфии ҳар гуна унсурҳои бегона эмин нигоҳ дорем».

Таҷлил гирифтани ин санаи муборак эътиқоду эҳтиром ва арҷгузории имрўзиён ба забони тоҷикӣ, фарҳанги асил, авлоду аҷдоди сарбаландамон аст, ки новобаста аз гирдобҳои таърихӣ забони модарии хешро чун асли тоҷик ҳифз кардаанд, аз бадалшавӣ ба забонҳои ғайр эмин доштаанд.

Забони модарӣ баёнгари сарнавишти тоҷикон, мояи ифтихору сарфарозӣ ва пойдевори ваҳдати ҷовидонаи миллати мост. Аз ин лиҳоз, ҳифз кардани забони тоҷикӣ, нигаҳдорӣ ва сайқал додани он вазифаи муқаддас аст.

Ҷашни Рўзи забони давлатӣ, рўзи забони модарӣ ба ҳамаи сокинони шаҳр ва ҳамватанони азизамон, дўстдорони калому сухани ноби тоҷикӣ муборак бошад!