(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altТаҳти чунин унвон дар Коллеҷи тиббии шаҳри Хуҷанд ба номи Юсуф Исҳоқӣ чорабинии идона бахшида ба Рўзи омўзгор бо иштироки устодон ва донишомўзони ин муасисаи таълимӣ баргузор гардид.

Нахуст директори муассиса Алимат Мавлонзода омӯзгоронро бо Иди касбиашон табрику таҳният намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамасола якшанбеи аввали моҳи октябр дар кишвари маҳбуби мо ин рӯз ҳамчун санаи гиромидошти омўзгор таҷлил мегардад, ки гувоҳи равшани таваҷҷуҳи доимӣ ва хоссаи Ҳукумати мамлакат ба соҳаи илму маориф мебошад.

Мусаллам аст, ки ояндаи миллат ва фардои давлат ба наслҳои ватандӯсту ватанпараст, бонангу номус, дорои ҳисси баланди миллӣ, соҳибмаърифату донишманд, забондон, дорои ҷаҳонбинии васеъ, меъморону муҳандисон, ихтироъкорону навоварон, дигар ихтисосҳои замонавӣ ва касбу ҳунарҳои муосир вобастагии мустақим дорад ва дар самти ба камол расонидану омўзонидан нақши омўзгор хеле бориз аст.

Дар ин маврид низ Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни суханронии худ иброз доштаанд, ки : “Нақши омӯзгор дар таълиму тарбияи насли наврас бениҳоят бузург аст. Муаллим, пеш аз ҳама, афрӯзандаи чароғи дурахшони илму дониш аст ва хушбахтона, қисми асосии зиёиёни кишварро муаллимон ташкил мекунанд. Бинобар ин, вазифаи асосии муаллим дар баробари омӯзонидани илму дониш, инчунин омӯзонидани адаб ва ҳидояту роҳнамоии шогирдон ба роҳи рост мебошад. Ин амр бояд ба меъёри ахлоқии фаъолияти муаллим табдил ёбад”.

Собиқадорони муассисаи таълимӣ зимни баромади худ, аз таҷрибаи хеш ёдоварӣ намуда, зикр доштанд, ки дар воқеъ, омӯзгорон роҳнамову роҳкушои аҳли башар ба сӯйи дониш, илм, маърифат ва камолоти маънавиянд. Онҳо ҳидоятгари роҳи ростин, роҳи орӣ аз ҳама гуна кирдорҳои бади инсонӣ, ташвиқкунандаи роҳи дониш ва камолоти инсониянд. Муаллим ба қавли бузургон муҳандиси равонии инсон аст.

Тавре ки муҳандис нақша ё созмони ягон кореро ташкил медиҳад, муаллим низ аз рӯзи аввал ба шогирдон адаб меомӯзад ва онҳоро ба ҳаёти солими оянда омода месозад. Муаллимро оинаи рӯзгори халқ мегӯянд. Оинае, ки ба он нигариста камбудиву нуқсонҳоро бартараф мекунанд. Яъне омӯзгор ибратомӯзест, ки ҳар калому ҳар нигоҳу ҳар қадамаш саропо ибрати соҳибдилон аст.

Дар ҷараёни чорабинӣ барои саҳми арзанда гузоштан дар татбиқи сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, барои иштироки фаъолона дар даври вилоятии озмуни ҷумҳуриявии" Фурӯги субҳи доноӣ китоб аст" як қатор донишҷўён бо Ифтихорнома сарфароз гардиданд.

Ҳамзамон ғолибони Озмуни "Омӯзгори беҳтарин" ва "Роҳбари гуруҳи беҳтарин": Нилуфар Калонова, омӯзгори кафедраи ҷамъиятшиносӣ ва Парвина Муллоева, мудири кафедраи химия муаррифӣ ва бо диплому маблағи пулӣ қадршиносӣ гардиданд.

Дар чорабинӣ барои фаъолияти пурсамар дар роҳи пешбурди меҳнати содиқона ба нафъи давлату миллат, рушду пешрафти ҷомеа ва дастовардҳои арзандаи меҳнатӣ як қатор устодони муассиса бо сипоснома ва туҳфаҳо қадршиносӣ гардиданд.

Қисмати фарҳангии чорабинӣ, ки ба шарафи Рўзи омўзгор аз ҷониби донишҷуёну ҳофизон таҳия шуда буд, табъи ҳозиринро болида намуд.