(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз дар толори Хонаи ақди никоҳи шаҳри Хуҷанд дар доираи чорабиниҳои Рӯзи шаҳри Хуҷанд ба 40 нафар бонувони ҳунарманд аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, Грантҳои Раиси шаҳр ба маблағи умумии 165 ҳазор сомонӣ тақдим карда шуд.

Фирдавс Шарифзода, дар маросими супоридани Грантҳо таъкид дошт, ки бо ҳидояти Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зан-модар мавқеи баландро соҳиб гашта, имрўз занону модарони тоҷик ҳамсафу ҳамқадами замон буда, рисолати худро бобати дар рўҳияи баланди ватанпарастӣ, худогоҳиву худшиносӣ тарбия намудани фарзандон ва насли наврас сарбаландона иҷро мекунанд.

Бо дастгирии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳифзи ҳуқуқҳои занон, баланд бардоштани мақоми онҳо дар ҷомеа, танзими расму анъана ва оинҳои мардумӣ якчанд амру фармон ва барномаҳо ба тасвиб расидаанд.

Таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати Тоҷикистон ғамхорӣ ба занонро бахши муҳими сиёсати иҷтимоии худ қарор додааст.

Ба тасвиб расидани Фармони Президенти мамлакат «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа», Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи кафолатҳои давлатии баробар-ҳуқуқии мардону занон ва имкониятҳои баробари амали-гардонии онҳо», барномаҳои давлатии «Самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба таъмини ҳуқуқу имкониятҳои баробарии мардон ва занон», «Тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбари-кунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд» гувоҳи ин гуфтаҳост, ки татбиқи онҳо ба беҳбудии минбаъдаи ҳаёт ва фаъолияти занон дар ҷомеа мусоидат менамояд.

Ҳоло дар ҷумҳурӣ ва аз ҷумла, дар шаҳр ягон корхонаву ташкилот, муассисаҳои оливу миёнаи таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоиро бе фаъолияти занон тасаввур кардан имконнопазир аст.

Имрўз занони тоҷик олиму омўзгор, духтуру сиёсатмадор, соҳибкору ҳунарманд, варзишгару рўзноманигор ва қариб дар ҳама касбу кор пешсафу саҳмгузоранд.

Масъалаи бо ҷойи корӣ таъмин намудани занону духтарон дар меҳвари сиёсати имрўзаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ- Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва таҳти назари махсуси Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода қарор дода шуда, дар ин самт таъсис дода шудани Грантҳои Президентӣ ва гранти Раиси вилоят баҳри фароҳам овардани ҷойҳои корӣ барои занону духтарон ва дастгирии рушди фаъолияти соҳибкории онҳо иқдоми назаррас аст.

Дар шаҳри Хуҷанд ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 1999, №5 «Дар бораи тадбирҳои баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа» бо мақсади дастгирӣ ва рушди фаъолияти соҳибкории занони ҳунарманд ва эҷодкор ҳамасола грантҳои Раиси шаҳр барои бонувони ҳунарманди шаҳр таъсис дода шуда, соли ҷорӣ низ бо қарори Раиси шаҳр ба 40 нафар занони соҳибкор, ҳунарманд ва эҷодкор тибқи хулоса ва қарори ҳайати комиссияи грантӣ соҳиби гранти Раиси шаҳр, аз чумла 5 грант дар ҳаҷми 8000 сомонӣ, 10 грант дар ҳаҷми 5000 сомонӣ ва 25 грант дар ҳаҷми 3000 сомонӣ гардиданд. Дар маҷмуъ 165 ҳазор сомонӣ маблағ ҷудо карда шуд.

Сипас дар вазъияти тантанавӣ аз тарафи Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба бонувони ҳунарманд Грантҳои Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд