(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Консерти идона дар шаҳри ХуҷандБахшида ба истиқболи 20 солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ташаббуси Мақомомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокиияти давлатии вилояти Суғд дар майдони «Ситораҳои Хуҷанд» консерти идона бо иштироки ҳунармандони маъруф Нигина Амонқулова, Тулқун Тоҷибоев  гурӯҳи рақсии «Ҷаманоро», «Маҳастӣ» баргузор гардид.
Дар чорабинӣ Раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода иштирок намуданд.
Дар оғози чорабинии идона Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷҷаббой Аҳмадзода кулли ҳозиронро бо ин санаи таърихӣ,- 20 солагии ин санади муҳими сарнавиштсози миллат табрик намуд.
«Дигаргуниҳои куллии ҳаёти ҷамъиятию сиёсӣ, иқтисодиву иҷтимоӣ, фарҳангию маънавӣ, ки дар солҳои Истиқлолият ва баъди қабули Конститутсия ба вуқӯъ пайвастанд, шаҳодати роҳи дурусти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ҷаноби Олӣ, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, азму иродаи матини халқ ва миллати тоҷик аст. Мисоли инро дар рушди ҳамаи соҳаҳои хоҷагии халқи шаҳри Хуҷанд – маркази маъмурии вилояти овозадори Суғд, як гӯшаи шукуфони Тоҷикистони соҳибистиқлол, дар азми сокинони сарбаланду меҳнатқаринаш баҳри ободии диёр, созандагию бунёдкорӣ, афзунгардонии иқтидори иқтисодии мамлакат ва беҳдошти сатҳи рӯзгор мушоҳида кардан мумкин аст.
Аз рӯзи қабули Қонуни асосии кишвар, давоми 20-сол дигаргуниҳои зиёд ба вуқӯъ пайвастанд, ки баробари бист соли қадамҳои устувор дар роҳи эъмори давлати ҳуқуқбунёд мебошад.»
Лозим ба қайд аст, ки дар консерти мазкур бештар 6 ҳазор нафар шаҳрвандон иштирок намуданд.