(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд бо иштироки кормандон Иди касбӣ таҷлил карда шуд.

Тахмина Усмонова, директори Маркази назорати давлатии санитарию эпидемологии вилояти Суғд ба самъи кормнадон номаи табрикотии Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзодаро ба муносибати Рӯзи кормнадони соҳаи тиб раоснд, ки дар он аз ҷумла гуфта шудааст: “Рӯзи кормандони соҳаи тиб бо мавлуди алломаи Машриқзамин Абўалӣ ибни Сино робитаи қавӣ дорад. Дар таъриху фарҳанги халқи тоҷик соҳаи тиб мақоми шоиста дошт ва хазинаи тибби халқи тоҷик ғаниву беназир ташаккул ёфтааст. Тӯли қарнҳо аҷдодони донишманди мо, ба мисли Закариёи Розӣ, Абӯалӣ ибни Сино ва даҳҳои дигар ганҷинаи бебаҳои тибби ҷаҳониро ба вуҷуд овардаанд”.

Таъкид шуд, ки бо иқдоми Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои муаззами миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста қабул ва амалӣ шудани Барномаҳои давлатӣ, Стратегия ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҷиҳати беҳдошти соҳаи нигаҳдории тандурустӣ дар кишвар шаҳодат аз он медиҳад, ки давлату Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ин соҳаи ҳаётан муҳим таваҷҷуҳи хоса зоҳир мекунад.

Тавре, дар Паёми навбатӣ Пешвои миллат мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зикр доштанд: “Барои боз ҳам беҳтар намудани сатҳу сифати хизматрасонии тиббӣ ва дастрасии аҳолӣ ба он бунёди муассисаҳои нав, азнавсозии муассисаҳои мавҷуда ва бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардонидани онҳо зарур мебошад”.

Зикр шуд, ки мақсади асосии кормандони соҳаи ҳифзи сиҳатии омма баланд бардоштани сатҳу сифати хизматрасонӣ, ворид кардани техникаву таҷҳизоти замонавии тиббӣ, ташхиси босифати бемориҳо буда, онҳо бо дастони шифобахш ва суханони нармашон ба мизоҷон саломатӣ ва дарозумрӣ ҳадя мекунанд.

Сипас ба як қатор пешсафони соҳа медали “Аълочии тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Ифтихорнома ва Сипосномаҳо тақдим карда шуд.