(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои машварати августии кормандони соҳаи маориф ва бахшида ба оғози соли нави таҳсили 2023-2024 Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили якчанд нафар бонувони собиқадори соҳаи маориф рафта, эшонро табрик намуда, туҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни мулоқоти самимӣ бо собиқадорони соҳаи маорифи шаҳр, аз ҷумла Наимахон Муъминова ва Тавҳидахон Баҳридинова изҳор дошт, ки корномаҳои онҳо дар саҳифаи тиллоии таърих сабт гардида, пайваста ғамхориҳои Давлату Ҳукумат нисбати чунин бонувони фидокор амалӣ мегардад.

Таъкид шуд, ки ҳоло беш аз 90 фоизи кормандони соҳаи маорифи Хуҷандро бонувон ташкил медиҳанд. Дар муассисаҳои таълимии шаҳр муаллимаю мураббияҳои азиз рисолати муқаддаси омӯзгорию тарбиятгарии худро бо маҳорату малакаи воло, бо муҳаббату самимияти бепоён иҷро намуда, ба насли наврас сабақаи маърифату одамият меомӯзанд. Шумоён ҳамчун олиҳаву орифаҳои покиву садоқат, машъалафрӯзони зиндагӣ ва ҳидоятгарони некиву накӯкорӣ фарзан-дони мардумро дар рӯҳияи садоқат ба арзишҳои миллию умумибашарӣ ба камол мерасонед.

Аёдатшудагон Наимахон Муъминова ва Тавҳидахон Баҳридинова, ки беш аз 50 сол дар соҳаи маориф заҳмат кашида, ҳазорҳо шогирдонро ба камол расонидаанд, аз чунин ташаббуси наҷиб ба Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ баён намуда, баҳри амну осоиштагӣ ва пойдори Ваҳдат дар мамлакат дуои хайр карданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд