(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt

Варзишгарони гиромӣ, собиқадорон ва мураббиёни варзиш, мухлисон ва дўстдорони соҳа!

Қаблан мехоҳам ҳамаи Шуморо бо Иди касбиатон-Рўзи варзишгарон муборакбод намоям.

Боиси ифтихор аст, ки дар натиҷаи ба даст овардани Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ба тасвиб расидани созишномаи истиқрори сулҳ, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш дар маркази таваҷҷуҳи бевоситаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон қарор гирифт.

Маҳз Истиқлолияти давлат ва таваҷҷўҳи падаронаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мўҳтарам Эмомали Раҳмон боиси он гардид, соҳаи тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати иҷтимоии Ҳукумати мамлакат пазируфта шуд ва тамоми санадҳои дахлдор ба хотири таъмини оммавияти варзиш, таҳкими тарзи ҳаёти солим, мусоидат намудан ба омодакунии варзишгарони касбӣ ва ба ин васила муаррифӣ намудани давлату миллат дар арсаи байналмиллалӣ роҳандозӣ гардид.

Қобили қайд аст, ки ҳанўз аз замонҳои қадим мардуми мо ба тарбияи ҷисмонӣ ва варзиш рағбати зиёд дошта онро ҳамчун воситаи муҳими беҳдошти саломатӣ, ташаккули ҷисмониву маънавӣ ва мустаҳкам намудани дўстӣ байни қавмҳо васеъ истифода намудааст.

Гузашта аз ин ҷавононро баҳри ҳимояи арзишҳои миллӣ ва дар руҳияи ватандўстию худшиносӣ ба камол расонидан аз усулҳо гуногуни варзиш, аз қабили давидану ҷаҳидан, найзапартоиву шамшерзанӣ, гурзпартоиву камонварӣ, аспдавонию чавгонбозӣ, гўштину шиноварӣ ва амсоли инҳо кор мегирифтанд ва ин мероси гузаштагон то ба мо омада расидааст.

Ҳамзамон варзишгарони мамлакат дар як қатор чорабиниҳои байналмиллалӣ, чемпионатҳои ҷаҳон, Осиё, Бозиҳои олимпӣ, Бозиҳои осиёӣ ва дигар мусобиқот иштирок намуда, ба дастовардҳои таърихии даврони Истиқлолият ноил гардиданд.

Бори дигар бо самимияти бепоён шуморо бо ифтихори Рўзи варзишгарон самимона муборакбод гуфта, бароятон бурдбориву комёбиҳои беназир таманно дорам.