(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз аз ҷониби Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар микроноҳияи 19-уми маҳаллаи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” дар ошёнаи якуми яке аз биноҳои баландошёна бо тарҳи муосир бунёд шуда, дохили он бо ороиши миллӣ зеб дода шудааст.

Иншоот аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов бунёд гардидааст.

Иттилоъ дода шуд, ки бо мавриди баҳрабардорӣ қарор додани иншоот дар маҷмуъ беш аз 60 нафар сокини маҳаллӣ бо ҷойи кор таъмин карда шуд, ки аз аксарияташонро занону духтарон ташкил медиҳанд.

Маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” бо тарҳи муосир ва шаклу услуби хоси меъморӣ бунёд карда шуда, дар он маркази фурӯши маҳсулоти гуногун аз ҷумла, хӯрокворӣ, лавозимоти рӯзгор, маҳсулоти ҳасиб, маҳсулоти ширӣ, хӯришҳо, нонвойхона, нуқтаи ҳозиразамони фурӯши маҳсулоти қаннодӣ, хӯрокҳои тезтаёр, қаҳвахона ва дорухона вуҷуд дорад.

Минбаъд сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз хизматрасонии сатҳи ҷаҳонӣ бархурдор гашта, метавонанд маҳсулоти ниёзи худро бо сифати баланд харидорӣ кунанд.

Дар маҷмуъ дар маркази савдо ва хизматрасонӣ аслан маҳсулоти истеҳсоли коргоҳу корхонаҳои ватанӣ, аз ҷумла маҳсулоти гӯштӣ, ширӣ, қаннодӣ, обҳои гуногун ва меваю сабзавот, ки дорои сифати баланд ва аз ҷиҳати экологӣ тоза мебошад пешниҳоди мизоҷон гардонида мешавад.

Ҳамзамон баҳри нигоҳдории молу маҳсулот иншооти ёрирасон, аз қабили анборҳои гуногун дар марказ бунёд карда шудааст, ки имкон медиҳад маҳсулоти зарурӣ захира гардида, сари вақт ба мизоҷон пешниҳод шавад.

Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода аз ин иқдоми соҳибкори ватаниро,ки 5-умин маркази савдои хешро таъсис додааст, истиқбол намуда, таъкид дошт, ки ин ҳама натиҷаи амну осоиштагӣ ва оромӣ дар мамлакат буда, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба соҳибкорон ҳамеша таваҷҷуҳ зоҳир намуда, дастгӣ менамоянд.

Нахусти харидори маркази савдо ва хизматрасонии “Амид” Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода гардида, ба кори онҳо барор хост. Сипас ба 10 нафар ятимони кулл сару либоси мактабӣ, шириниҳо, ҷузвдон, 1000 сомонӣ аз тарафи Роҳбари вилоят тақдим карда шуд.

Ҳамзамон дар ин рӯз аз ҷониби соҳибкори ватанӣ роҳбари ширкати ҶДММ “Амид” Саидамон Исомаддинов ба 250 нафар ашхоси камбизоат маводӣ ғизоӣ ва ниёзи аввалия тақдим карда шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд