(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрўз бо иқдоми шуъбаи ҳуфзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҷалби шаҳрвандони касбу кори гуногун дар минтақаҳои шаҳри Хуҷанд маъракаи густурдаи экологӣ ба хотири баланд бардоштани маърифати экологӣ ва фарҳанги шаҳрнишинӣ роҳандозӣ карда шуд.

Масъулини ин иқдом иброз доштанд, ки ҳадаф аз баргузории чунин ташаббус, пеш аз ҳама, тоза намудани ҷӯйборҳо ва новаҳои обгузари шаҳри Хуҷанд, соҳилҳои дарёи Сир, боғу гулгашт ва дигар маконҳои истироҳативу фарҳангӣ, роҳҳои канори мавзеъҳои дамгирӣ мебошад.

Ризокорон бо анҷом додани корҳои тозакунӣ ва тамизгардонӣ дар соҳили дарёи Сир ва атрофи Боғи фарҳангу фароғатии Абумаҳмуди Хуҷандӣ ин маконҳоро аз ҳамагуна партов тоза намуданд.

Инчунин бо мақсади баланд бардоштани маърифат ва тарбияи экологии аҳолӣ, роҳ надодан ба ҷойгир намудани партов дар соҳили дарёву дохили ҷўйборҳо, ҷойҳои ғайримуқаррарӣ ва саҳмгузорӣ дар корҳои ободонию шукуфоӣ аз ҷониби кормандони шуъбаи ҳифзи муҳити зисти шаҳри Хуҷанд бо аҳолии маҳаллаи «Дўстии халқҳо» суҳбату вохӯриҳо гузаронида шуданд.

Зимни мулоқот бо аҳолӣ риояи қоидаҳои тартиботи ҷамъиятӣ, ободонӣ ва санитарӣ дар шаҳри Хуҷанд таъкид гардида, гуфта шуд, ки сокинон тавассути иштирок дар аксияҳои экологии «Тозагии соҳил» ва «Тозагии маҳал»-и Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар тозагии муҳити зист ҳисса мегузоранд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд