(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба ярмарка-фурӯши лавозимоти хониш ва либоси ягонаи мактабӣ бо иштироки васеъи хонандагону кормандони соҳаи маорифи шаҳр, ки дар назди китобхонаи вилоятиии ба номи Тошхоҷа Асирӣ ташкил шудааст, ҳусни оғоз бахшид.

Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни боздид аз растаи фурӯшандагони молҳои полиграфӣ ба фурӯшандагон ва истеҳсолкунандагони молҳои ватанӣ доир ба дастрасии нарх ва сифати он дастуру супоришҳо дод.

Фирдавс Шарифзода ҳангоми шиносоӣ аз растаи либосҳои ватанӣ ба анвои он ва матоъҳои истеҳсоли ватанӣ таваҷҷуҳ намуда, таъкид дошт, ки тамоми корхонаҳои шаҳр, ки ба истеҳсоли либосҳои мактабӣ машғуланд бояд аз матоъҳои ватанӣ корбурд намоянд.

Раиси шаҳр гуфт, ки омўзгорон ва толибилмони муассисаҳои таълимии шаҳри Хуҷанд ҳамасола баҳри иҷрои дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода кўшишу ғайрат намуда, баҳри дар амал татбиқ намудани Дастурамали Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи либоси тавсиявии хонандагони муассисаҳои таълимӣ” иқдомҳои нав ба навро пеш гирифта истодаанд. Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо мақсади таъмини хонандагони мактабҳо бо либоси ягонаи мактабӣ ва бедор намудани завқи зебоипарастӣ дар ниҳоди хонандагон тасмим гирифт, ки ҳар як мактаб дар намуди алоҳида соҳиби либоси мактабии худ гардад. Дар соли хониши бо коргоҳҳои дўзандагии шаҳр шартнома ба имзо расонида шудааст ва ин корхонаҳо муваззаф гардидаанд, ки хонандагони шаҳро бо либоси мактабӣ таъмин намоянд. Ин имкон медиҳад, ки тафовути иҷтимоии байни хонандагонро аз байн барад ва шогирдони мо бо дарки масъулияти баланд собитқадамона дар ҷодаи илму донишомўзӣ қадамҳои устувор мегузоранд.

Сипас, аз тарафи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар пайравӣ ба иқдомоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба кўдакони ятиму бепарастор ва оилаҳои камбизоат таваҷҷуҳи доимӣ зоҳир менамоянд, ба 30 нафар хонандагони шаҳр аз ин қишри ҷомеа сару либоси мактабӣ ва лавозимоти хониш тақдим намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд